Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати энержии Тоҷикистон бо вазорати саноати Туркманистон як қарордоди 14,4 миллиондолларӣ имзо кард



Тоҳири Сафар





Тоҷикистон ба Туркманистон барои ҳар киловат нерӯи барқи воридотӣ 1,2 сент пардохт хоҳад кард. Бар асоси созишномаи вазорати саноати Туркманистон ва вазорати энержии Тоҷикистон аз тирамоҳи соли равон то моҳи майи соли 2003-ум "Корхонаи Арзизи Тоҷикистон" (ТадАЗ) аз Туркманистон 1,2 миллиард киловатт соат нерӯи барқ харидорӣ мекунад. Бинобар иттилои саҳифаи интернетии Туркменистан.ру маблағи қарордоди марбутаи ахиран ба имзорасида 14,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Бар асоси ин санад Тоҷикистон муваззаф шудааст, 60 дар сади маблағро бо доллари амрикоӣ мепардозад ва қисмати боқимондаро бо таҷҳизоти алюминигӣ ва дастгоҳҳои лозим барои соҳаи энержии Туркманистон ҳисобӣ мекунад.



XS
SM
MD
LG