Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти интизомии Тоҷикистон боз се ҷонибдори Маҳмуд Худойбердиевро боздошт карданд



Саидқосими Қиёмпур





Мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон се тан аз собиқ размандагони нерӯҳои полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиевро боздошт карданд. Бинобар иттилои вазорати умури дохилаи Точикистон ҳар се боздоштшуда дар кушиши табодуллоти давлатӣ, узвият дар гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ғорати амволи мардум муттаҳам мешаванд. Ба иттилоъи хадамоти амнияти Точикистон, то имруз 150 тан аз ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев дастгир ва 100 нафарашон зиндонӣ шуданд. Маҳмуд Худойбердиев моҳи ноябри соли 1998 бо ҳамла ба вилояти Суғд кӯшиши сарнагунсозии ҳукумат кард, аммо аз неруҳои ҳукуматии Точикистон шикаст хӯрд.



XS
SM
MD
LG