Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирини афғон ба додгоҳи Тоҷикистон шикоят бурданд



Тоҳири Сафар





Иддае аз хонаводаҳои муҳоҷирини афғони муқими вилояти Суғди Тоҷикистон аз рӯи хадамоти муҳоҷирини вилоят ба додгоҳи ин кишвар шикоят бурданд. Бинобар иттилои хабаргузории Азия Плюс мӯҳлати корти паноҳандагии муҳоҷирин хотима ёфтааст, вале хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бе ҳеҷ шарҳ, санади паноҳандагонро тамдид намекунад. Мушовири раҳбари дафтари комисариати паноҳандагони Созмони милал дар шаҳри Душанбе Аурваси Пател гуфт, барои ҳимоя аз паноҳандагон вакили мудофиа киро шуда, мавзеи баррасии шикоят низ аниқ мешавад. Ба гуфтаи ӯ муҳокимаи ин қазия шояд дар додгоҳи шаҳри Душанбе ва ё шаҳри Хуҷанд баргузор гардад.

XS
SM
MD
LG