Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон як шаҳрванди ҷумҳурии Белорус зиндонӣ шуд



Тоҳири Сафар





Додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон шаҳрванди ҷумҳурии Белорус Оксана Светковаро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 15 соли ҳабс маҳкум кард. Тибқи гузориши Радиои Тоҷикистон Оксана Светкова зимни интиқоли 180 грамм ҳероин дар фурудгоҳи Хуҷанд аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддираи Тоҷикистон боздошт шуда буд. Ин хабар дар ҳоле пахш шуд, ки раиси парлумони Белорус Войтович Александр аз Тоҷикистон боздид мекунад. Тибқи иттилои дигар дар ҳамин рӯз додгоҳи вилоятӣ бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир барои сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нисол Холматова 15 соли ҳабс ҷазо муқарар кардааст. Дар маҷмӯъ моҳи гузашта 188 нафар бинобар даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.



XS
SM
MD
LG