Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссариати низомии шаҳри Хуҷанд чаҳор корманди телевизиони СМ1-ро иҷборан ба сафи артиш даъват кард



Мирзои Салимпур





Иттиҳодияи расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон (НАНСМИТ) аз амали боздошт ва иҷборан ба сафи артиш фиристодани чаҳор корманди шабакаи радиёву телевизионии СМ-1 дар шаҳри Хуҷанд эътироз кард. Дар баёнияи созмон омадааст, ки рӯзи 28 октябр ходимони комиссариати низомии шаҳри Хуҷанд вориди бинои телевизион шуда, чаҳор корманди онро маҷбуран бо худ бурдаанд. Як рӯз пеш аз ин ҳодиса дар барномаи телевизиони СМ-1 фаъолияти комисариати низомӣ мавриди интиқод қарор гирифта буд ва хабарнигорон мегӯянд, комиссариат бо чунин усул ба матлаби интиқодӣ вокуниш нишон додааст. Иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон ин амалро фишори ошкор ба озодии матбуот арзёбӣ мекунад.



















XS
SM
MD
LG