Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир Рашид Олимов: Дар Йоҳаннесбург Соли Оби Пок ҳамчун ташаббуси Тоҷикистон расман ифтитоҳ хоҳад ёфт



Салими Аюбзод

Дар ин бора дар як сӯҳбати телефонӣ ба мо намояндаи Тоҷикистон дар СММ рашид Олимов хабар дода, афзуд, баъди анҷумани Йоҳаннесбург Намоишгоҳи Чатри Оби Пок бо навбат ба ҳамаи кишварҳои дунё сайр хоҳад кард. Ҷаноби сафир Олимов гуфт, бо ифтитоҳи нмаоишгоҳ Соли Оби Пок низ расман оғоз хоҳад гирифт.

Аз 26-уми август то чоруми сентябр дар Йоҳаннесбург, Африқои Ҷанубӣ, нишасти сарони кишварҳои ҷаҳон баргузор мегардад, ки ба мушкилоти умдаи сайёраи Замин бахшида хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар ин ҷаласа сарони зиёда аз сад кишвари ҷаҳон ширкат варзанд. Нишаст таҳти сарпарастии СММ ҷараён хоҳад гирифт ва мубоириза бо фақр, ҳифзи муҳити зист, пешрафти босуботи дунё аз масъалаҳои асосии он хоҳанд буд. Дар дуюмин рӯзи нишаст бо ташаббуси Тоҷикистон Намоишгоҳи Чатри Оби Пок ифтитоҳ хоҳад ёфт ва намояндаи расмии Тоҷикистон аз давлатҳои шӯравии собиқ ягона касе хоҳад буд, ки дар нишаст суханронӣ хоҳад кард. Зеро бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2003 соли оби пок эълон шудааст. Дар ин бора дар як сӯҳбати телефонӣ ба мо намояндаи Тоҷикистон дар СММ рашид Олимов хабар дода, афзуд, баъди анҷумани Йоҳаннесбург Намоишгоҳи Чатри Оби Пок бо навбат ба ҳамаи кишварҳои дунё сайр хоҳад кард. Ҷаноби сафир Олимов гуфт, бо ифтитоҳи нмаоишгоҳ Соли Оби Пок низ расман оғоз хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG