Абдуқаюми ҚаюмзодТибқи хабарҳои расида ҳар се аз ҷумлаи мусаллаҳони Иттиҳоди оппозисюни тоҷик буда, айбномаи онҳо ба рӯйдодҳои соли 2000-ум дахл дорад.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон шаҳрванд Умедҷон Давлатовро бо иттиҳоми куштори чандин нафар дар манотиқи шарқии кишвар ба қатл маҳкум кард. Дар ҳамин муҳокима инчунин ду шарики ӯ Маъруф Ёров ва Муҳибҷон Ҷафраков то бист сол зиндонӣ шуданд. Тибқи хабарҳои расида ҳар се аз ҷумлаи мусаллаҳони Иттиҳоди оппозисюни тоҷик буда, айбномаи онҳо ба рӯйдодҳои соли 2000-ум, аз ҷумла қатли ҳокими ноҳияи Ғарм Сироҷиддин Давлатов дахл дорад.