Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бист марзбони тоҷик гирифтори бемории домана шудаанд



Тоҳири Сафар



Хабаргузории Итар Тасс иттилоъ медиҳад, ки бист марзбони тоҷик гирифтори бемории домана шудаанд. Хабаргузорӣ аз қавли Абдураҳмон Азимов раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон навиштааст бо эҳтимоли бемории домана дар ин авохир 20 сарбози дидбонгоҳи марзии Ванҷ дар дармонгоҳҳо бистарӣ шудаанд. Барои ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ миёни сарбозон ба тамоми дидбонгоҳҳои марзбонони тоҷик табибон фиристода шудаанд, то сарбозони дигарро ваксин бизананд. Соли равон дар навоҳии мухталифи Тоҷикистон бемории тиф хуруҷ кард. Итар Тасс менависад тибқи иттилои ғайрирасмӣ ин беморӣ ба се ҳазор нафар сироят кардааст.

XS
SM
MD
LG