Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз мансабдорони кишвар хост ба доҳипарастӣ роҳ надиҳанд.



Хиромон Бақозода

ЭЭмомалӣ Раҳмонов аз мансабдорони кишвар хост, ки ба парастиши шахсияти ӯ хотима диҳанд"

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз мансабдорони кишвар хост ба парастиши шахсияти ӯ хотима диҳанд. Рӯзи душанбе дафтари матуботи президенти Тоҷикистон изҳоротеро пахш намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: "Дар муроҷиатиномаи президент аз таърихи 8 декабри соли 2001 ба аъзои ҳукумат ва кулли мақомоти дигари Тоҷикистон зикр шуда буд, ки таърифу тавсифи аз ҳад зиёд ва суханҳои баландпарвоз ба унвони сарвари давлат оқибати хуб надорад. Аммо хилофи ин гуфта дар чорабиниҳои гуногун тамоюли ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмонов зоҳир намудани таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёд дар шакли суханҳо, баромадҳо, ки онро ба 50 солагии зодрӯзи райисҷумҳур алоқаманд медонанд, аз нав ба назар мерасанд." Дар изҳорот ҳамчунин омадааст Эмомалӣ Раҳмонов ҷашни тавалллудро ҳамчун ҷашни оилавӣ медонад ва бори дигар огоҳ мекунад, ки ба доман задани идеологияи нодурусти доҳипарастӣ дар афкори ҷомеа, роҳ дода нашавад.

XS
SM
MD
LG