Тоҳири Сафар
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, куштори сарбози рус Сергей Бандис дар ин кишвар ангезаи сиёсӣ надошта, дар заминаи маишӣ рух додааст. Шаби 25 июл ҷасади кордхӯрдаи сарбози дивизияи 201-уми Русия дар наздикии як қисми низомии воқеъ дар вилояти Хатлон ёфт шуд. Хабарнигори мо дар шаҳри Душанбе аз қавли Абдураҳим Қаҳҳоров муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон навиштааст, гурӯҳи тафтишотӣ ба ҷустуҷӯи қотилон пардохтааст. Раҳбарияти дивизияи 201-ум дар мавриди ин ҳодиса то ҳол изҳори назар накардааст.