Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои хориҷии Тоҷикистон як милёрд долларро ташкил медиҳад



Нурмуҳаммади Холзода

Баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Роберт Кристиансен намояндаи Сандуқи байналмилалии пул дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, давлати Тоҷикистон метавонад бо қарздиҳандагон музокира кунад ва онҳо қарзҳои Тоҷикистонро коҳиш диҳанд.

Бино ба иттилоъи ИТАР-ТАСС-хабаргузории Руссия вомҳо ё қарзҳои хориҷии Тоҷикистон тақрибан як милёрд долларро ташкил медиҳад. Баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳури Тоҷикистон Роберт Кристиансен-намояндаи Сандуқи байналмилалии пул дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, давлати Тоҷикистон метавонад бо қарздиҳандагон музокира кунад ва онҳо қарзҳои Тоҷикистонро коҳиш диҳанд. Дар ҷараёни ин мулоқот масоили ислоҳот дар бахши энержӣ ва боло бурдани арзиши нируи барқ ва соири маводи сухт баррасӣ шудааст, то ин нархҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар шавад. Аз суи дигар, намояндаи Сандуқи байналмилалии пул изҳори нигаронӣ кардаат, ки боло рафтани ин нархҳо ба сатҳи зисти мардум таъсири манфӣ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG