Аббоси ҶаводӣДар анҷумани дуюми Ҳаракати Ваҳдати Миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон, рӯзи шанбе, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳузури се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ноҳияи Исфара дар маҳбаси террористони Ал-Қоида воқеъ дар Гуантанамои Куба ба эътибори байнулмилалии Тоҷикистон зарбаи калон зад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов хабарҳоро дар бораи гирди ҳам омадани гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон рад намуд. Вай дар анҷумани Ҳаракати Ваҳдати Миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ин овозаҳо ба хотири он нашр мешаванд, ки Тоҷикистон ва шимоли Афғонистон манотқи ноамн шумурда шаванд ва сармояи хориҷӣ ба ин ҷо роҳ наёбад. Изҳороти президенти Тоҷикистонро хабаргузории русии ИТАРТАСС нашр намуд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбони Тоҷикистон Нуралишоҳ Назаров гуфт, мусаллаҳоне аз гурӯҳҳои ваҳшатафкани Ал-қоида ва Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон дар шимоли Афғонистон ва наздикии марзи Тоҷикистон ҷамъ омадаанд ва эҳтимолан кӯшиши убури сарҳадро кунанд. Генерал Назаров афзуд, барои пешгирӣ аз чунин ҷараёни ҳодисаҳо марзбонони Тоҷикистон ва Русия чораҳои иловагӣ андешидаанд. Дар анҷумани дуюми Ҳаракати Ваҳдати Миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон, рӯзи шанбе, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳузури се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ноҳияи Исфара дар маҳбаси террористони Ал-Қоида воқеъ дар Гуантанамои Куба ба эътибори байнулмилалии Тоҷикистон зарбаи калон зад.