Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон тундравони исломӣ дар шимоли Афғонистон ҷамъ шудаанд ва қасди убури марзи Тоҷикистонро доранд



Раҳматкарими Давлат

Генерал Назаров афзуд, барои пешгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ дар марз кӯшиш ба кор меравад, ки ҳифзи сарҳад таҳким ёбад.

Генерал Нуралишоҳ Назаров, муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбони Тоҷикистон рӯзи ҷумъа гуфтааст, дар қаламрави ҳаммарз бо Тоҷикистони Афғонистон дастаҳои пасмондаи Ал Қоида, Толибон ва Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ба мушоҳида расидаанд, ки эҳтимолан мехоҳанд, марзи Тоҷикистонро убур кунанд. Ба маълумоти ин манбаъ наздик ба 350 нафари мусаллаҳ, ки эҳтимол меравад ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон таалуқ доранд, дар наздикии Файзободи Афғонистон ҷамъ шудаанд. Генерал Назаров афзуд, барои пешгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ дар марз кӯшиш ба кор меравад, ки ҳифзи сарҳад таҳким ёбад.

XS
SM
MD
LG