Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои фаъолияти марзбонони тоҷик дар 6 моҳи соли равон



Тоҳири Сафар



Марзбонони тоҷик тайи шаш моҳи соли равон дар марзҳои ин кишвар бо Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон 220 кило маводи мухадирро боздошт кардаанд, ки 114 килои онро ҳероин ташкил додааст. Ин матлаб рӯзи панҷшанбе зимни ҷаласаи ҷамъбастии ин кумита баён шуд. Сухангӯи кумитаи марзбонӣ ба хабарнигори мо дар шаҳри Душанбе гуфт, мавзӯи аслии дигари ҷаласа бемасъулиятии бархе аз афсарони ин ниҳод зимни иҷрои вазифаашон буд. Ба гуфтаи Нилобек Субадоров дар ҷараёни амалиётҳои махсус марзбонони тоҷик чандин махфигоҳи аслиҳаро ошкор намуда, аз онҳо понздаҳ адад автомат, панҷ туфанг, ду пулемет ва панҷ адад гранатамет пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG