Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Банки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон наздики 41 миллион доллар қарзи нав дод



Гулбаҳори Муродӣ

Банки Ҷаҳонӣ аз соли 1993 ба ин сӯ ваъда додааст, ки ба Тоҷикистон дар маблағи 302 миллион доллар кӯмак мекунад ва аз ин маблағ 192 миллион доллар аллакай ба ҷумҳурӣ дода шудааст.

Тибқи изҳороти расмии Банки Ҷаҳонӣ 17 миллион доллари ин воми боимтиёз ба бозсохти шабакаи оби шаҳри Душанбе харҷ шуда, ҳадафаш таъмини устувори аҳолӣ бо оби амну тоза мебошад. 10 миллион доллар барои хатми сохтмони нирӯгоҳҳои барқи обии Бадахшон ва тармими нирӯгоҳҳои мавҷуда бояд сарф шавад. Маблағи боқимонда қарор аст, дар заминаи барномаи мубориза бо бенавоӣ дар беҳбуди вазъи бебизоаттарин хонаводаҳои Тоҷикистон истифода гардад. Банки Ҷаҳонӣ аз соли 1993 ба ин сӯ ваъда додааст, ки ба Тоҷикистон дар маблағи 302 миллион доллар кӯмак мекунад ва аз ин маблағ 192 миллион доллар аллакай ба ҷумҳурӣ дода шудааст.

XS
SM
MD
LG