Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба унвони Ҷорҷ Буш президенти ИМА паёми шодбошӣ фиристодааст



Тоҳири Сафар



Эмомалӣ Раҳмонов ба унвони президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бахшида ба Рӯзи истиқлолияти ин кишвар, 4 уми июл таҷлил мешавад, номаи шодбошӣ фиристодааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин паём Эмомалӣ Раҳмонов бо изҳори қаноатмандӣ аз вазъи феълии ҳамкории миёни ду кишвар гуфтааст, ки "равобити афзояндаи миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида барои манофеъи мардуми ҳар ду кишвар хидмат хоҳад кард" Дар паёми табрикиаш раисҷумҳури Тоҷикистон омодагиашро дар ростои тавсиа бахшидани равобит ва ҳамкориҳои миёни ҳар ду кишвар баён дошта, ба мардуми Иёлоти Муттаҳида сулҳу субот ва шукуфоиро таммано кардааст.

XS
SM
MD
LG