Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се нафар дар Қириғизистон



Нурмуҳаммади Холзода



Пулиси Қирғизистон се шахси машкукро барои қатли диплумоти чиноӣ ва ронандаи вай дар рӯзи шанбе дар шаҳри Бишкек боздошт кардааст. Кубанич Келдибоев-сухангӯи вазорати дохилаи Қирғизистон гуфтааст, мақомоти интизомӣ ин се шахси машкукро, ки ду нафар ҷиноӣ ва як нафар уйғури Қирғизистон мебошанд, бозпурсӣ мекунанд. Имрӯз Вазорати хориҷаи Чин гуфт, ки намояндагони Чин низ ба роҳ баромадаанд, то дар бозпурсиҳои марбут ба ин парванда ширкат кунанд. Рӯзи шанбе Ванг Дзиянпинг-котиби якуми сафорати Чин ва Нурмуҳаммад Умаров-тоҷири уйғуртабори Қирғизистон ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG