Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду хабар аз ҷабҳаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир



Мирзои Салимпур



Марзбонони рус рӯзи сешанбе аз як махфигоҳ дар минтақаи Панҷи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 20 кило ҳероин дарёфт кардаанд. Дар маҷмӯъ аз оғози сол дар ин марз зиёда аз 1200 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 700 килои он маводи сахттаъсири ҳероин мебошад. Ва ба иттилоъи хабаргузории ИТАР-ТАСС, дар қаламрави вилояти Нижний Новгороди Русия 8 нафар аз як гурӯҳи байнулмилалии қочоқбар бо севуним кило ҳероин боздошт шудааст. Ба иттилоъи мақомоти Русия, ин гурӯҳ умдатан аз ходимони собиқи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон иборат буда, дар қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Маскаву Санкт Петербург ду шаҳри бузурги Русия даст доштааст.

XS
SM
MD
LG