Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду нафар қочоқбари маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кушта шуданд



Мирзои Салимпур



Марзбонони рус шаби гузашта дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ду қочоқбари маводи мухаддирро кушта, 96 килограмм маводи мухаддир мусоидра кардаанд. Сухангӯи гурӯҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, дар соли ҷорӣ бори аввал аст, ки чунин миқдори бузурги маводи мухаддир аз ҷониби онҳо ёфт мешавад. Дар ин муддат дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз сӯи марзбонони тоҷику рус 25 қочоқбар кушта ва тақрибан яку ним тонна маводи мухаддир мусодира шудааст. Ҳамчунин ҳудуди 500 нафари дигар ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд. Ҳифзи беш аз 1200 километр марзи миёни Тоҷикистону Афғонистонро бар асоси тавофуқи миёни Душанбеву Маскав аз соли 1992 11 000 нафар аз нирӯҳои марзбони рус дар уҳда доранд.

XS
SM
MD
LG