Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳри Душанбе нишасти фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои Муштаракулманофеъ ба анҷом расид



Тоҳири Сафар



Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни ҷаласа масоили мубориза лайҳи тероризм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва мубориза алайҳи қочоқии маводи мухадир баррасӣ шуданд. Зимни суханрониаш дар расми ифтитоҳи нишаст Эмомалӣ Раҳмонов президенти Тоҷикистон ба вазъи Афғонистони ҳамсоя дахл карда гуфт, ҳукумати интиқолии ин кишвар фақат дар пойтахт шаҳри Кобул нуфузи зиёд дорад, аммо берун аз он ҷансолорон низому тартиби худро ҷорӣ карда ва фармонравоӣ мекунанд. Ӯ афзуд, зимни амалиёти зиддитерор дар Афғонистон тамоми корхонаҳои тавлиди ва ташхиси маводи мухаддир аз байн нарафтанд. Қочоқи маводи муххадир ахиран 13 дар сад афзоиш ёфтааст, вале ин миқдорест, ки мусодира мешавад. Ба гуфтаи президент Раҳмонов қисмати дигари ин маводи заҳрогин то ҳол ба ҳар васила аз марз мегузарад ва ба Аврупо интиқол меёбад. Президент Раҳмонов ҳамчунин гуфт, имкон дорад боқимондаҳои Ал-Қоъида ва Толибон хоки Афғонистон ва Осиёи Марказӣ амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG