Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интерпол ва Русия дар мубориза бо қочоқи ҳеройин аз Тоҷикистон ба Аврупо ҳамкорӣ мекунанд



Салими Аюбзод

Русия яке аз аввалин кишварҳои ҷаҳон хоҳад буд, ки дар ҳудудаш маркази мухобиротии Интерпол ва ё Полиси байнулмилал сохта хоҳад шуд. Ба воситаи хатти моҳвораийи ин марказ дар чанд сония маълумот, акс ва ё порчаҳои видеойӣ ва нақши ангуштон ба идораи марказии Интерпол ва ё бахшҳои минтақавии он фиристода хоҳад шуд. Ризоияти сохтмони чунин марказ рӯзи ҷумъа дар мулоқоти Дабири кулли Интерпол Роналд Нобл ва вазири корҳои дохилии Русия Борис Гризлов дар Маскав ба даст омад. Тибқи он Интерпол таҷҳизоти гаронбаҳои электрониро ба Русия тақдим медорад ва барои истифодаи он мутахассис тайёр мекунад.



Русия яке аз аввалин кишварҳои ҷаҳон хоҳад буд, ки дар ҳудудаш маркази мухобиротии Интерпол ва ё Полиси байнулмилал сохта хоҳад шуд. Ба воситаи хатти моҳвораийи ин марказ дар чанд сония маълумот, акс ва ё порчаҳои видеойӣ ва нақши ангуштон ба идораи марказии Интерпол ва ё бахшҳои минтақавии он фиристода хоҳад шуд. Ризоияти сохтмони чунин марказ рӯзи ҷумъа дар мулоқоти Дабири кулли Интерпол Роналд Нобл ва вазири корҳои дохилии Русия Борис Гризлов дар Маскав ба даст омад. Тибқи он Интерпол таҷҳизоти гаронбаҳои электрониро ба Русия тақдим медорад ва барои истифодаи он мутахассис тайёр мекунад. Дар мулоқоти Нобл ва Гризлов қарор шуд, маркази нави моҳворайӣ ҳамчунин қочоқи ин маводро дар масири аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистон ба Русия ва аз он ҷо ба воситаи Беларус ба Аврупо таҳти назорат гирад ва аз он ҷилавгирӣ намояд. Дар соли гузашта ба Интерпол муяссар шуд, 36 тонна ҳеройинро мусодира кунад, аз ин 19 тонна дар Осиё ва 15 тонна дар Аврупо ба даст афтоданд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон узви Интерпол мебошанд. Тоҷикистон ва Туркманистон ҳанӯз ба ин созмони ҷаҳони қабул нашудаанд.

XS
SM
MD
LG