.
Рӯзи панҷшанбе дар Лоя Ҷирга, шӯрои бузурги мардуми Афғонистон се нафар ба раёсати ҳукумати интиқолии ин кишвар пешниҳод шудаанд. Тавре интизор мерафт, Ҳомиди Карзай, раҳбари идораи муваққат довталаби аввал барои дарёфти мақоми раёсат дар ҳукумати ояндаи Афғонистон мебошад. Аммо баробар бо ӯ ба ин маснад доктори тиб Масъудаи Ҷалол ва Мирмуҳаммади Нидоӣ низ пешбарӣ шудаанд. 1550 вакили мунтахаб ва мунтасаб дар Лоя Ҷирга аз миёни онҳо якеро ба раъси ҳукумати интиқолӣ интихоб мекунанд.