Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи нишасти нахустини Лоя Ҷирга



Мирасрори Фарғонӣ



Шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммади Зоҳир имрӯз нишасти нахустини Луйа Ҷирга - Шӯрои Олии ин кишварро дар Кобул ифтитоҳ намуд, ки ҳукумати даври гузаришро интихоб хоҳад кард. Зоҳиршоҳ дар муроҷиат ба 1500 вакили Лоя Ҷирга гуфт, ки баъди ғурбати тулонӣ тасмим дорад, ба мардуми Афғонистон хизмат кунад ва дар роҳи расидан ба сулҳу созиш мусоидат намояд. Шоҳи собиқ аз Ҳомиди Карзай ба ҳайси раҳбари ҳукумати оянда пуштибонӣ намуд. Нияти подшоҳи собиқ барои сарварӣ ба ҳукумати давраи гузариш ташаннуҷро дар байни тарафдорони Карзай афзоиш дод. Шаби гузашта Зоҳиршоҳ номзадии худро бозпас гирифт. Якчанд соат кабл аз шурӯъи Лоя Ҷирга президенти собиқи Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ ҳам ба хотири сулҳу амният аз ширкат дар сабқат даст кашид.

XS
SM
MD
LG