Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихоби вакилон ба Лоя Ҷирга дар Афғонистон



Мирзои Салимпур

Афғонистон ба марҳалаи дуввум ва ниҳоии интихоби вакилон ба Лоя Ҷирга ворид шудааст.

Афғонистон ба марҳалаи дуввум ва ниҳоии интихоби вакилон ба Лоя Ҷирга ворид шудааст. Қарор аст, Лоя Ҷирга дар таърихи 10-уми моҳи июн ҷамъ омада, ҳукумати интиқолии Кобулро барои ду соли оянда интихоб намояд. Аммо хабаргузории Ройтерс менависад, интихоботи ин маҷлис дар аксари маворид ҳамроҳ бо қонуншинканиҳо сурат гирифта, унвонии кумиссиюни Лоя ҷирга дар Кобул ба ин маънӣ шикояти зиёде расидааст. Бо вуҷуди пок шудани Толибон аз саҳнаи қудрат дар Афғонистон эҳсоси тарсу ҳарос аз ботини мардум пок нашудааст ва нирӯҳои манфиатҷӯ аз ин сӯиистифода мекунанд. Ба навиштаи хабаргузорӣ, ба вижа, ҷангсолорони афғон талош доранд ба ҳар ҳила ва бо тарс додани мардум шумораи бештари тарафдорони худро дар Лоя Ҷирга ҷой намоянд. Чунин ҳол бовари мардум ба интихоботи озоду одилонаро аз байн бурда, нақши мунтазираи Лоя Ҷирга дар мавриди баҳамовардани гурӯҳҳои мутақосим дар ин кишвари ҷангзада ва роҳнамоии суботи қоим дар Афғонистонро коҳиш медиҳад. Як раъйдиҳандаи афғон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Ройтерс гуфтааст, ҷангсолорон таҳдиди куштани аҳли хонаводаашро кардаанд ва ӯ тавони ҳимоят аз онҳоро надорад. Ба шаҳодати як зани афғон, афроди низомӣ барои ҳар барги рой дар ҳавзаи Кобул ба онҳо то 14 000 рупияи Покистон баробар бо 200 доллар пешниҳод кардаанд. Ӯ мегӯяд, силоҳбадастон дар саҳнаи Афғонистон ҳамчунон нақши умда бозӣ мекунанд. Як марди дигар, ки низ бидуни бурдани номаш сӯҳбат кардааст, мегӯяд, ҳар ду вакили Лоя Ҷирга аз ҳавзаи онҳо афроди низомӣ буда, ба маҳзи ширкат дар куштору тахрибкорӣ дар солҳои ҷанг аз нуфузи зиёд дар байни аҳолӣ бархӯрдор набудаанд. Ба гуфтаи ӯ, мардуми зиёде аз ин ҳавза барои шикоят ба Кобул омаданд, аммо касе ба ҳарфи онҳо гӯш надод. Ҷараёни интихобот суолеро дар зеҳни мардум бедор кардааст, ки оё Лоя Ҷирга то куҷо метавонад дар иҷрои барномаи аслиаш - интихоби ҳукумати ваҳдати миллӣ ва таъмини субот дар Афғонистон муваффақ бошад? Тибқи тартиби муқарраршуда дар музокироти Бонн, иҷлоси Лоя Ҷиргаро дар моҳи июн Муҳаммад Зоҳир, шоҳи собиқи Афғонистон боз мекунад. Подшоҳи собиқ ба ин мақсад дар як моҳи пеш баъд аз муҳоҷирати сисола ба ватан баргашт ва ба таври фаъол вориди саҳнаи сиёсии Кобул шуд. Ӯ дар ин авохир бо хеле аз чеҳраҳои бонуфуз ва саршиноси афғон ва бо ҳайъатҳои зиёди хориҷӣ, аз ҷумла бо раҳбари ҳукумати Олмон Герҳард Шрёдер, бо кумиссари Иттиҳодияи Аврупо Крисс Патен ва бо вазирони хориҷии Ҷопону Чин мулоқот кардааст. Ба бовари қисме аз мардум, фаъолиятҳои ахири подшоҳи собиқ ҳокӣ аз онанд, ки тарафдорони Муҳаммад Зоҳир минбари Лоя Ҷиргаро ба қасди эҳёи низоми подшоҳӣ дар Афғонистон истифода хоҳанд кард. Аммо подшоҳи собиқ дар мулоқоти ахираш бо Крисс Патен, кумисари Иттиҳодияи Аврупо таъкид кардааст, ки ӯ хоҳиши эъмори дубораи салатанатро дар сар намепарварад. Вале ғолибан, вакилони паштунтабор ва тарафдори Муҳамад Зоҳир дар Лоя Ҷирга ба таъйини нақши муассиртаре барои подшоҳи собиқ дар эъмори ояндаи Афғонистон талош хоҳанд кард, ки ҳатман барои намояндагони ақвоми дигар хушоянд нахоҳад буд. Ба ақидаи таҳлилгарон, ба минбари Лоя Ҷирга кашидани ин баҳс метавонад ояндаи суботи Афғонистонро аз дигар таҳти соя қарор диҳад, ба вижа дар ҳоле ки интихоби вакилон ба Лоя Ҷирга ба аксар зери таъсир ва назорати ҷангсолорон барпо шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, Лоя Ҷирга бояд зимни интихоби низоми идора ва ҳукумати интиқолии кишвар барои ду соли оянда мизони тавозуни манофеъи ақвоми гуногуни сокини Афғонистонро хеле боназокат муроот намояд.

XS
SM
MD
LG