Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи Байналмилалии Ҳифзи Рӯзноманигорон ба Талбак Назаров мактуб фиристод



Хоҷа Мирзода

Дар оғози номаи худ ба унвони вазири умури хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ҳамоҳангсози бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон Алекс Люпис менависад, ки аз имкони баррасии вазъи озодии матбуоти Тоҷикистон хушҳол аст.

Дар оғози номаи худ ба унвони вазири умури хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ҳамоҳангсози бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон Алекс Люпис менависад, ки аз имкони баррасии вазъи озодии матбуоти Тоҷикистон хушҳол аст. 19 апрел дар шаҳри Ню-Йорк Алекс Люпис бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ва сафири Тоҷикистон дар СММ Рашид Олимов вохӯрда, аз аҳволи матбуот изҳори ташвиш карда буд. Ба ақидаи Алекс Люпис таъқиби ҳукумат, хавфи муҷозот ва сензура озодии матбуоти Тоҷикистонро нафасгир мекунад. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва куштори рӯзноманигорон дар ин низоъ боиси тавсеаи худсензурии васеъ дар ин ҷумҳурӣ гардид. Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон, ки марказаш дар ИМА мебошад, сар аз соли 1991 ҳодисаҳои фишору таъқиби рӯзноманигоронро ба қайд гирифта, умедвор аст, ки дар ҷараёни муколамаи мустақим бо ҳукумати Тоҷикистон панҷ масъаларо баҳри беҳбуди озодии матбуоти ин кишвар матраҳ менамояд: 1. Мансабдорони ҳукумат ҳамоно ба фаъолияти рӯзноманигорон дахолат намуда, бидуни муҷозот рӯзноманигоронро мавриди ҳамла қарор медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки модаи 162-уми Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон барои монеагузорӣ дар фаъолиятҳои касбии рӯзноманигорон ҷазо пешбинӣ менамояд. Ба навиштаи Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон аксари ҳодисаҳо ҳангоми пахши гузоришҳо дар масъалаҳои ҳассос, ба монанди ҷиноятҳои муташаккилона, ҳамлу нақли маводи мухаддир, фасоди мансабдорон, ҳизбҳои мухолифин ва танқиди сиёсатмадорону мансабдорони ҳукуматӣ рух медиҳанд. Аз соли 1992 ба ин тараф Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон ҳашт дафъа ингуна ҳодисаҳоро мушоҳида намудааст ва дар номаи худ ба унвони вазири умури хориҷии Тоҷикистон ду мисол оварда шудаанд.

Яке ҳабси Додоҷон Атовулло дар шаҳри Маскав дар моҳи июли соли гузашта ва кӯшиши нокоми истирдоди ӯ ба Тоҷикистон. Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон муҳаррири нашрияи "Чароғи Рӯз" Додоҷони Атовуллоро бо иғвоангезӣ ва таҳқири мансабдорони баландпояи кишвар муттаҳам мекунанд.

Ва Мисоли дуюм бозпурсиву таҳдиди рӯзноманигори тоҷик Хуршед Атоввулоев дар вазорати Амнияти Тоҷикистон аст. Ӯ ҳаштуми июни соли 2001-ум дар рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" оиди шароити бади зисти донишҷӯён ва ришваситонии устодони донишгоҳҳои мақола навишта буд.

Масъалаи дуюме, ки боиси нигаронии Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон мебошад, назорати шадиди ҳукумат бар рӯи саноати табъу нашр ва имконооти маҳдуди чопи озоди нашрияҳои мустақил аст. Муаллифи нома Алекс Люпис менависад: Сарфи назар аз қонунҳои Тоҷикистон раиси матбааи давлатии "Шарқи Озод" Манзурхон Додоҷонов мақолаҳоеро, ки дар онҳо танқиди ҳукумат ҷой дорад, сензура мекунад.

Дар бахши сеюми номаи Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон маҳдудиятҳо дар фаъолияти радиову телевизиони мустақил ёд шудааст. Гуфта мешавад, ки вазорати мухобирот ва кумитаи Радиову Телевизион имкони гирифтани лицензия ва ё иҷозатномаи пахшро ниҳоят маҳдуд кардаанд. Аввалан лицензияҳо гарон ва кӯтоҳ муддат мебошанд. Ва сониян ба гуфти ходимони маҳаллии Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон дар шаҳри Душанбе фақат радиоҳое имкони пахш гирифтаанд, ки раҳбаронашон аз ҷонибдорони раиси пойтахти Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шумор мераванд.

Қисмати чоруми номаи Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон ба қонунҳои марбут бо ҳифзи шаъну шараф иртибот дорад. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон паст задани шаъни раисҷумҳури кишвар дар ҷои ҷамъиятӣ то панҷ сол маҳрумият аз озодиро мадди назар дорад. Аммо ниҳоди байналмилалии дифоъ аз рӯзноманигорон менависад: Дар ҳоли кунунӣ рӯзноманигорон нақши худро иҷро карда наметавонанд, зеро ҷазо додани ба истилоҳ "таҳқиркунандагон" душвор нест. Ва ниҳоят Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон навиштааст, ки мехоҳад дар бораи тафтиши ҳодисаҳои қатли 19 ҳодисаи рӯзноманигор , ки дар байни онҳо қазияи куштори Хушбахт Ҳайдаршо аз рӯзномаи "Ҷумҳурият" ва Виктор Никулин аз Телевизиони Орт-и Русия хеле ҳам ташвишоваранд, ахз мақомоти Тоҷикистон иттилои бештар ба даст орад.

XS
SM
MD
LG