Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон



Мирзонабии Холиқзод

Ду ҷониб вазъияти минтақаро баррасӣ намуданд. Президенти Эрон Муҳаммади Хотамӣ гуфт, ҳузури дарозмуддати нирӯҳои хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ ба манфиати минтақа нест. Президент Раҳмонов ба аҳамияти кӯмакҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии Эрону Тоҷикистон ба нирӯҳои зидди толиб дар Афғонистон ишора карда, онро намунаи ҳамкорӣ дар муқобили ваҳшатафканӣ номид.

Баъди нахустин гуфтушунид президентҳои Тоҷикистон ва Эрон Эмомалӣ Раҳмонов ва Муҳаммади Хотамӣ дар нишасти матбуотии муштарак гуфтанд, ҳеҷ яке аз тарафҳо аз сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ розӣ нест ва захираҳои калони ин ришта бидуни истифода мондаанд. Ду ҷониб вазъияти минтақаро баррасӣ намуданд. Президенти Эрон Муҳаммади Хотамӣ гуфт, ҳузури дарозмуддати нирӯҳои хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ ба манфиати минтақа нест. Президент Раҳмонов ба аҳамияти кӯмакҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии Эрону Тоҷикистон ба нирӯҳои зидди толиб дар Афғонистон ишора карда, онро намунаи ҳамкорӣ дар муқобили ваҳшатафканӣ номид. Президенти Эрон гуфт, бе кӯмакҳои Тоҷикистону Эрон ба Эътилофи Шимол ва ё Ҷабҳаи Муттаҳида Амрико дар Афғонистон қатъиян муваффақ намешуд.

XS
SM
MD
LG