Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар селу ярч дар Панҷакент 5 кӯдак ба ҳалокат расид, дар Восеъ роҳҳо ва дар Тавилдара пули шоҳроҳи Душанбе--Хоруғ хароб гардид



Абдуқаюми Қаюмзод

Ҳамчунин манбаъи зикршуда хабар дод, ки бар асари шамолҳои сахт дар ноҳияи Зафаробод боми 25 хона барканда шуда, садҳо дарахт нобуд гардид.



Ба гузориши Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бар асари селоба ва ярч дар деҳаи Шингаки мавзеъи Хурмӣ дар ноҳияи Панҷакент 5 кӯдаки ноболиғ ба ҳалокат расида, даҳҳо километр роҳ ва хатти барқ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ва пули шоҳроҳи Душанбе -- Хоруғ дар ноҳияи Тавилдара хароб гардиданд. Тахриби пул ҳаракатро дар ин шоҳроҳ қатъ намуд. Ҳамчунин манбаъи зикршуда хабар дод, ки бар асари шамолҳои сахт дар ноҳияи Зафаробод боми 25 хона барканда шуда, садҳо дарахт нобуд гардид.

XS
SM
MD
LG