Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони "Фридом Ҳауз" Тоҷикистонро кишвари ноозод ва матбуоти онро таҳти назорат номид



Хоҷа Мирзода

Бо вуҷуди ин ки қонуни асосии Тоҷикистон озодии матбуотро кафолат медиҳад, журналистон таҳти таъсири худсонсур мебошанд ва аз вокунишҳои ҷавобӣ метарсанд.

Дар гузориши солонаи худ созмони "Фридом Ҳауз" навиштааст, ки аз тариқи монеъаҳои девонсолорӣ, ба монанди литсензия ва ё иҷозатномаи пахшу нашр ва ҳамчунин дастурҳои ошкоро мақомоти давлати Тоҷикистон назорати пурраро ба расонаҳои гурӯҳӣ дар даст доранд. Бо вуҷуди ин ки қонуни асосии Тоҷикистон озодии матбуотро кафолат медиҳад, журналистон таҳти таъсири худсонсур мебошанд ва аз вокунишҳои ҷавобӣ метарсанд. Моҳи июл сардабири "Чароғи рӯз" Додоҷони Атовулло бо дастури мақомоти Тоҷикистон дар Маскав ба ҳабс гирифта шуда, таҳти хатари интиқол ба Тоҷикистон қарор дошт.

XS
SM
MD
LG