Салими Аюбзод Нойиби райиси Кумитаи дифоъ аз журналистон Ҷойел Симон ва ҳамоҳангсози барномаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Алекс Люпис дар Пажӯҳишгоҳи Ҷомеъаи Боз дар Ню-Йорк бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидори хусусӣ доштанд. "Сиёстмадорон, мақомоти ҳукумат ва идораҳои интизомӣ дар аксари ҳолатҳои манъи нашри маълумот, ҳамла, латукӯби журнадистон ва таҳдид ба онҳо масъуланд, гуфт ҷаноби Люпис дар ин мулоқот.
Кумитаи дифоъ аз журналистон хабар дод, ки ду намояндаи баландпояи он рӯзи ҷумъа дар Ню-Йорк бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров мулоқот карда, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намуданд, ки Тоҷикистон қатъиян ба ислоҳоти матбуот эҳтиёҷ дорад. Нойиби райиси Кумитаи дифоъ аз журналистон Ҷойел Симон ва ҳамоҳангсози барномаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Алекс Люпис дар Пажӯҳишгоҳи Ҷомеъаи Боз дар Ню-Йорк бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидори хусусӣ доштанд. "Сиёстмадорон, мақомоти ҳукумат ва идораҳои интизомӣ дар аксари ҳолатҳои манъи нашри маълумот, ҳамла, латукӯби журнадистон ва таҳдид ба онҳо масъуланд, гуфт ҷаноби Люпис дар ин мулоқот. "Мо умедворем, ҳукумати Тоҷикистон чунин муносибати шиддатноки худро бо матбуот хотима медиҳад ва ба ислоҳоти матбуот дар кишвар роҳ боз мекунад. Ин ислоҳот ба журналистон имкон хоҳад дод, фаъолияти худро бидуни мудохилаи ҳукумат пеш баранд." Дар поёни дидор вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров дархост намуд, ки Кумитаи дифоъ аз журналистон "рӯйдодҳои ахири марбут ба масъаларо, ки дар солҳои ахир ба амал омада бошанд, дар номае ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бифиристад, то ба онҳо дақиқан расидагӣ шавад." Ҳамчунин Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Ҳомидҷон Назаров, нойиби райиси бахши ташрифотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ҷанет Киллиан, корманди бахши марбут ба Тоҷикистон дар Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида дар ин мулоқот ширкат доштанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров сафари расмии серӯзаеро дар Иёлоти Муттаҳида анҷом дода, дар ҷараёни он бо мақомоти баландпояи дастгоҳи президент Ҷорҷ Буш, Департаменти давлатӣ, Вазорати молия, Шӯрои Амнияти Миллӣ, Дафтари Рушди Байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида, Вазорати Дифоъ ва намояндагони Конгресс мулоқот намуд.