Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иёлоти Муттаҳида кӯмакҳои ҳарбии худро ба Тоҷикистон бознигарӣ мекунад



Гулбаҳори Муродӣ

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш тасмим гирифтааст, барномаи расондани таҷҳизоти бештари ҳарбиро ба Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон тасдиқ намояд. Ин барнома ҳамчунин тармиму такмили минбаъдаи таҷҳизоти мазкурро низ дар назар дорад.

Аз пойтахти Иёлоти Муттаҳида хабар мерасад, ки ҳукумати Амрико қарор кардааст, ҳаҷм ва сатҳи кӯмакҳои ҳарбии худро ба Тоҷикистон аз нав баррасӣ кунад. Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш тасмим гирифтааст, барномаи расондани таҷҳизоти бештари ҳарбиро ба Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон тасдиқ намояд. Ин барнома ҳамчунин тармиму такмили минбаъдаи таҷҳизоти мазкурро низ дар назар дорад. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ҳадафи барнома тақвияти нирӯи дифоъии кишварҳои номбурда ва ба сурати умум таҳкими амнияти сартосаро дар назар дорад. Дар бобати қарори нав президент Буш ёддоштеро ба унвони Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Колин Пауэлл ирсол дошт.

XS
SM
MD
LG