Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс суханронӣ кард

Мирзои Салимпур

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамсоягӣ бо Афғонистонро як омили ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон номид. Ҷаноби Талбак Назаров ин нуктаро дар дидор бо кормандони Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Вашингтон дар мутолиоти Осиёи Марказӣ ва Қафқоз изҳор дошт. Вай ҳамчунин дар бораи даҳ соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва мушкилоте ки кишвар дар муддат рӯбарӯ гаштааст, маълумот дод. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ҳамкории Тоҷикистонро бо эътилофи байнулмилали зидди ваҳшатафканӣ муҳим арзишёбӣ карда, гуфт, ин ҳамкорӣ идома хоҳад ёфт. Ҷаноби Назаров ба як қатор саволҳои пажӯҳишгарони умури Осиёи Марказӣ посмух дод.

XS
SM
MD
LG