Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нойиби президенти Иёлоти Муттаҳида мулоқот кард



Салими Аюбзод

Дар ҷараёни сафари серӯзаи расмии худ ба Иёлоти Муттаҳида Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров бо нойиби президенти Амрико Ричард Чейнӣ дидор ва гуфтугӯ дошт роҷеъ ба ҳамкориҳои ду кишвар дар амалиёти зидди ваҳшатнафканӣ дар Афғонистон ва зарурати кӯмакҳои башарӣ ба Тоҷикистон.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ва нойиби президенти Иёлоти Муттаҳида Дик Чейнӣ рӯзи чоршанбе баргузор гашта, дар он вазъи амниятии Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо эътилофи байнулмилалии зидди терроризм ва зарурати кӯмакҳои башарӣ ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар поёни ин нишаст Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ба саволҳои хабарнигорон посух дода, гуфт, ба сурати умум таҳдиди ваҳшатафканӣ ва беамниятие, ки солҳо аз Афғонистон ба ҳамаи Осиёи Марказӣ паҳн мешуд, акнун бартараф гаштааст. Вай афзуд, гурӯҳҳои парокандаи боқимонда дар Афғонистон метавонанд, вазъи ин кишварро боз муддате халалдор кунанд, аммо онҳо дигар ба амният дар Осиёи Марказӣ таҳдид карда наметавонанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров тлова намуд, ки дар ҳамин ҳол интиқоли дуздонаи маводи мухаддир аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистон на танҳо қатъ нашудааст, балки афзойиш ёфтааст. Дар ин самт намояндаи Тоҷикиситон хостори густариши кӯмакҳои байнулмилалӣ шудааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров тасдиқ кард, ки Тоҷикистон ҳамкории худро бо эътилофи байнулмилалии зидди терроризм дар оянда низ идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG