Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври ҳозираи раёсатҷумҳурии Ислом Каримов тахминан ба ҳашт сол баробар хоҳад шуд



Хоҷа Мирзода

Рӯзи чоршанбе ИМА аз тамдиди даври раёсатҷумҳурии президенти Узбакистон Ислом Каримов изҳори таассуф намуда, аз ин иттифоқчии ҷадиди Вашингтон даъват кард, ки дар паи ислоҳот бошад.

Рӯзи чоршанбе ИМА аз тамдиди даври раёсатҷумҳурии президенти Узбакистон Ислом Каримов изҳори таассуф намуда, аз ин иттифоқчии ҷадиди Вашингтон даъват кард, ки дар паи ислоҳот бошад. Ҳафтаи гузашта Парламенти Узбакистон эълон карда буд, ки интихоботи навбатии президентӣ дар ин кишвар 23 декабри соли 2007-ум баргузор мегардад. Ҳамин тариқ даври ҳозираи раёсатҷумҳурии Ислом Каримов то ба тахминан ҳашт сол баробар хоҳад шуд. Моҳи январи соли равон дар Узбакистон райхоҳии умумимардумӣ доир шуд, ки бар пояи натиҷаҳои он дар конституцияи ин кишвар дигаргунӣ, яъне тамдиди даври раёсатҷумҳурӣ аз панҷ то ҳафт сол пуштибонӣ ёфт. Дар ин масъала Филип Рикар сухангӯи департаменти давлатии ИМА гуфт: " Мо аз эълони Ислом Каримов дар таърихи чоруми апрел нигарон ҳастем. Мо мутаассифем, ки зоҳиран даври аз рӯи Конституция муайян шудаи раёсатҷумҳурӣ ихтиёран тамдид ёфт. Филип Рикар меафзояд: " Мо аз Ислом Каримов даъват кардем, ки ба пеш ҳаракат намуда, ислоҳоти кишварро ба роҳ андозад. Дар ин бора мо ҳангоми мулоқот бо раисҷумҳури Узбакистон ва имзои Созиши равобит ва ҳамкории стратегӣ сӯҳбат доштем. Ба гуфти сухангӯи департаменти давлатии ИМА Ислоҳоти Узбакистон бояд ҳифзи бештари ҳуқуқи башар ва озодии матбуот, ҳамчунин интихоботи муназзам, озод ва одилона баҳри тафтиши эътимод ба ҳукумати ин кишварро дар бар бигирад. Хабарнигори рейтерс менависад: собиқ раҳбари ҳизби коммунистӣ Узбакистон Ислом Каримови 64 сола бо истифода аз номукаммалии қонунҳои ин кишвар қаблан ҳам мӯҳлати президентиашро тамдид карда буд. Даври аввали раёсатҷумҳурии Ислом Каримов мебоист дар охири соли 1995-ум ба поён расад. Аммо ба воситаи референдум он то соли 2000-ум тӯл дода шуд. Пирӯзии Ислом Каримов дар интихоботи президентии соли 2000-ум аз тарафи нозирони мамолики ғарбӣ ҳамчун ғалабаи ноодилона бойкот карда шуд. Наздикшавии ИМА ва Узбакистон баъди ҳаводиси 11 сентябр ба амал омад. Он замон ИМА барои пешбурди амалиёти бар муқобили режими Толибони афғон ба иттифоқчиён дар байни ҳамсояҳои Афғонистон ниёз дошт. Вашингтон бо Тошканд созиши ҳамкорӣ ба имзо расонида, ба ин кишвар кӯмак ирсол намуд. Аз сухангӯи департаменти давлатии ИМА пурсида шуд, ки оё Узбакистон ҳамоно муттафиқи ИМА боқӣ мемонад? Посухи Филип Рикар чунин буд: " Дар ҷанг бар зидди терроризм бале! Аммо мо дар равобит ва ҳалли масъалаҳои мухталиф дар вақтҳои мухталиф ҷилои гуногун дода метавонем."

XS
SM
MD
LG