Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти иқтисодии Авросиё дар шаҳри Алмато



Мирзои Салимпур

Нишасти дуввуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таи ду рӯз масоили марбут ба вазъи минтақа, ояндаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин қаламрав ва роҳҳои беҳдбуди фазои сармоягузорӣ дар ин кишварҳоро баррасӣ хоҳад кард.

Нишасти дуввуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таи ду рӯз масоили марбут ба вазъи минтақа, ояндаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин қаламрав ва роҳҳои беҳдбуди фазои сармоягузорӣ дар ин кишварҳоро баррасӣ хоҳад кард. Иҷлоси мазкур бо ибтикори анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ, маъруф ба анҷумани Давос сурат дода мешавад ва масъалаи таъмини рушди собити минтақа мавзӯъи аслии он хоҳад шуд. Зимнан, тибқи иттилоъи хабаргузориҳо, ҳамоҳангсозии қонунгузории кишварҳои минтақа дар риштаи молиёту гумрук, масоили мавҷуди иҷтимоӣ дар минтақа, роҳҳои рушди саноати истихроҷи нафту маъдан, саёҳату технологияҳои ҷадиди компутарӣ, низоми бонкиву молӣ ва бозори қоғазҳои қиматнок дар Осиёи Марказиву Қафқоз низ дар нишасти дурӯзаи АлмаАто мавриди муҳокима қарор мегиранд. Дар ин анҷуман раҳбарони аввали Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон, нахуствазирони Арманистону Узбакистону Украина ва дар маҷмӯъ намоянда аз 15 кишвари минтақа бо шумули Русияву Чину Эрон, Туркияву Ҳиндустон, Покистону Афғонистон ва Муғулистон ширкат мекунанд. Ҳамчунин президенти Бонки Ҷаҳонӣ Ҷеймс Вулфенсон, ки феълан дар паи анҷоми як сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон ба сар мебарад, дар назар аст, ки дар ҷараёни нишасти Алмато иштирок намояд. Дар ин маҷлис Ян Кубиш, дабири кулли САҲА, Муҳаммад Алӣ, раиси Бонки Исломии Рушд ва Жан Лемер, раиси Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд низ ширкат хоҳанд дошт. Ёдовар мешавем, дар нахустин нишасти иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ки дар ду соли пеш низ дар шаҳри Алмато баргузор шуд, 500 намоянда аз 37 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Виктор Христенко, муовини сарвазир ва раҳбари ҳайъати Русия дар нишасти Алмато гуфтааст, ӯ дар ин иҷлос дар мавриди роҳҳои густариши ҳамкориҳои муштараки тиҷоративу саноатии Русия бо кишварҳои Осиёи Марказиву Қафқоз гузориш хоҳад дод. Анатолий Кинах, сарвазири Украина изҳор доштааст, ҳарчанд кишвараш фақат як меҳмон дар нишасти Алмато мебошад, онҳо дар муҳокимаи масоили марбут ба ҳамоиши кулли қитъаи Авросиё фаъолона ширкат хоҳанд кард. Аммо дар робита ба имкони узвияти Киев дар Иттиҳоди гумрукӣ ва ё дар Иттиҳоди иқтисодии Авросиё Анатолий Кинах гуфт, онҳо дар ин масъала на бар эҳсосот ё манофеъи сиёсӣ, балки фақат бар арқому суди сирф иқтисодӣ ҳисоб мекунанд. Тавре аз гузоришҳо бармеояд, дар нишасти кунунии Алмато арқоми мушаххасе аз идомаи кӯмакҳои созмонҳои байналмилалии молӣ ба кишварҳои минтақа садо нахоҳанд дод, балки ширкаткунандагон аслан сари масоили назарӣ дар мавриди таъйини роҳи ояндаи ҳамкориҳои муштарак дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва таъмини рушди собити иқтисодиёти миллӣ дар кишварҳои ин минтақа баҳс хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG