Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон аз барчидани минаҳо дар марз бо ҳамсоягонаш саркашӣ мекунад



Салими Аюбзод

Мақомоти Ӯзбакистон бо вуҷуди ҳалокати афроди осойишта ва эътирози кишварҳои ҳамсоя, бо вуҷуди созишҳои лафзӣ дар гуфтушунидҳо бо ҳайъати Тоҷикистон, нақша надоранд, минаҳоро аз марзҳои худ бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон ҷамъоварӣ кунанд. Дар ин бора як амалдори баландпояи Ӯзбакистон дар сӯҳбат бо хабарнигори Пажӯҳишгоҳи Ҷангу сулҳи Британия маълумот додааст.



Дар асари таркиши ин минаҳо 52 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, зиёда аз чил нафар маҷрӯҳ гаштаанд. Ҳамчунин дар худи Ӯзбакистон ду шаҳрванди ин кишвар ва дар Қирғизистон як нафар кушта шудаанд. Аммо сухангӯи вазорати дифоъи Ӯзбакистон ин арқомро рад мекунад ва мегӯяд, то ҳанӯз дар минаҳои марзӣ ягон кас кушта ва ё захмӣ нашудааст. Вале мақомоти Тоҷикистон борҳо дар ин бора иттилоъ дода, эътирози қатъии худро дар гуфтушунид бо мақомоти Ӯзбакистон баён кардаанд. Додситониҳои Тоҷикистон дар мавриди ҳар яке аз ин рӯйдодҳо парвандаи ҷиноӣ кушодаанд, аммо ҳанӯз аз поёни ҳеҷ кадоме аз ин баррасиҳо хабар нашр нашудааст. Дар ҳоле ки ҳалокати 52 шаҳрванди Тоҷикистон комилан нодида гирифта мешавад, ҳалокати танҳо як шаҳрванди Қирғизистон кофӣ буд, ки мақомоти Тошканд аз Бишкек узрхоҳӣ кунанд ва ба баррасии ҷиноии масъала ризоият диҳанд. Онҳо ҳамчунин розӣ шудаанд, ки товони як рамаи гӯсфандро, ки бар асари таркиш ва ҳалокати чӯпон нопадид гаштааст, бипардозанд. Корманди Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Британия Малики Мансур менависад, минагузории марзҳои Ӯзбакистон дар моҳи августи соли 2000ум, баъди ҳамлаи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ба вилояти Сурхондарё оғоз гардид. Бархе аз аҳолии маҳаллӣ ин чораро пуштибонӣ намуд, вале аксарияти аҳолии Ӯзбакистон ба он мухолиф буданд. Акнун, пас аз амалиёт дар Афғонистон ва хабарҳо роҷеъ ба кушта шудани Ҷумъаи Намангонӣ ин мухолифат афзойиш ёфтааст. Норозиёни минагузории марзӣ мегӯянд, ҳоло хатари ҳамла ба Ӯзбакистон ба маротиб коҳиш ёфтааст ва боқӣ мондани минаҳо дар марз танҳо ба тиҷорати байнимарзӣ ва дар ин робита ба вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолии ду тарафи сарҳад зарба мезанад. Ахиран нӯҳ шаҳрванди деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон дар марзи деҳкадаи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбакистон ҳангоми бозгашт аз бозори машҳури минтақавии Ургут дар минаҳо таркида, ба ҳалокат расиданд. Корманди Пажӯҳишгоҳи Ҷангу сулҳи Британия менависад, фаробиҳо бо симресмонҳои дароз минаҳоро тарконданд ва вориди Ургут шуданд, аммо дар роҳи бозгашт бехабар буданд, ки марзбонон минаҳои навро дар пайраҳаи онҳо гузошта буданд. Аввали соли равон гуфтушуниди ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбакистон ба натиҷае расид, ки минаҳо аз марз ғундошта шаванд ва тибқи хабарҳо гӯё барчидани маводи марговар дар бахше аз қисматҳои сарҳади Тоҷикистону Ӯзбакистон оғоз гирифт. Аммо онгуна ки амалдори ҳукумати Ӯзбакистон гуфтааст, як мина ҳам аз марз бозчида нахоҳад шуд. Аҳолии маҳаллӣ мегӯяд, минаҳо на барои амнияти мардум, балки амнияти раҳбарон гузошта шудаанд ва дар ҳоли ҳозир асосан аҳолии осоишта, на тундравони исломӣ аз таркиши минаҳо осеб мебинанд. Ба гузориши Пажӯҳишгоҳи Ҷангу сулҳи Британия, дар нишасти сарони Осиёи Марказӣ моҳи декабр дар Тошканд, масъалаи минаҳои марзи Ӯзбакистон баррасӣ нашуд, аммо ҳама, ҳатто сарвари Ӯзбакистон изҳори ғамхорӣ карданд, ки бояд ба ҷамъоварии минаҳо аз хоки Афғонистон, ки садҳо шаҳрванди Афғонистон кушта ва ё захмӣ кардаанд, кӯмаки ҳамаҷониба расонд.

XS
SM
MD
LG