Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ғоратгарони як созмони фаронсавӣ боздошт шуданд



Нурмуҳаммади Холзода

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду нафарро ба ҷурми дуздии 52 ҳазор доллар аз созмони башардустонаи Фаронсавӣ боздошт карданд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду нафарро ба ҷурми дуздии 52 ҳазор доллар аз созмони башардустонаи Фаронсавӣ боздошт карданд. Яке аз онҳо корманди пулис аст. Худоназар Асозода-сухангуи вазорати дохилаи Тоҷикистон мегуяд, афсари вазорати дохила, ки дар созмони фаронсавии АКТЕД посбон буд, бо як дусташ ин дуздиро анҷом додаанд. Дар ҷараёни бозпурсӣ ин ду нафар эътироф кардаанд, ки аз сейфи созмони фаронсавӣ бо номи АКТЕД 52 ҳазор долларро рабудаанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо қисмати зиёди маблағро сарф кардаанд. Ба гуфтаи Асоев, аз рабояндагони пул танҳо панҷ ҳазор доллар ба даст омадааст.

XS
SM
MD
LG