Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони ғайридавлатии Ҳуқуқи Башар дар Узбакистон



Нурмуҳаммад Холзода

Мақомоти расмии Амрико ва нозирони сиёсӣ мегуянд, сабти номи созмони мустақил ё ғайридавлатии Ҳуқуқи Башари гуруҳи Михаил Арзинов дар шаҳри Тошканд дар чаҳоруми марти соли равон аз ҷумлаи иқдомест, ки давлати Ислом Каримов вақтҳои ахир барои ҷалби таваҷҷуҳи маҳофили байналмилалӣ бардоштааст.

Мақомоти расмии Амрико ва нозирони сиёсӣ мегуянд, сабти номи созмони мустақил ё ғайридавлатии Ҳуқуқи Башари гуруҳи Михаил Арзинов дар шаҳри Тошканд дар чаҳоруми марти соли равон аз ҷумлаи иқдомест, ки давлати Ислом Каримов вақтҳои ахир барои ҷалби таваҷҷуҳи маҳофили байналмилалӣ бардоштааст. Ин гурӯҳи ҳуқуқи башар дуруст як ҳафта пеш аз сафари Ислом Каримов ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мулоқоташ бо Ҷорҷ Буш сабти ном шуд. Мудофеъони ҳуқуқи башар дар ташвиш буданд, ки ширкати Узбакистон дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ба мақомоти ин кишвар иҷоза хоҳад дод, ки онҳо таъқиби тундравони исломиро тақвият диҳанд. Аммо Арзинов мегуяд, дар моҳҳои ахир шумораи боздоштшудагон чаҳор-панҷ бор коҳиш ёфтааст. Ҷон Ҳербст-сафири Амрико дар Узбакистон мегуяд, Амрико умедвор аст, ки муносиботи наздик вазъро дар ин замина дар Узбакистон беҳбуд хоҳад бахшид. Узбакистон аз ҷумлаи нахустин кишварҳои Шуравии собиқ аст, ки пойгоҳи низомии Амрикоро дар қаламрави худ ҷой дод ва акнун дар пойгоҳи низомии Хонобод ҳудуди ҳазор нафар низомии Амрико мустақар мебошад. Чунин ҳамкорӣ боиси он шуд, ки кумакҳои молии Амрико аз 55 милён доллар дар соли гузашта, имсол то ба 160 милён доллар афзоиш ёбад. Мақомоти расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунин қавл додаанд, ки барои мубориза бар зидди Ҷунбиши Исломии Узбакистон, ки Амрико онро дар феҳристи гуруҳҳои террорист шомил кардааст, ба Узбакистон кумак мекунад. Ба бовари Амрико, аъзои ин Ҷунбиш бо афроди Ал-Қоъидаву Толибон дар Афғонистон ҳамсангар мебошанд ва дар бомгузориҳои соли 1999 дар Тошканд даст доранд. Ҷунбиши Исломии Узбакистон мехоҳад дар Осиёи Марказӣ як давлати исломӣ руи кор орад. Баъд аз истиқрори нируҳои амрикоӣ дар Узбакистон таваҷҷуҳи расонаҳои хабарии ҷаҳон низ ба ин кишвар афзоиш ёфт ва мақомоти сиёсиву низомии Амрико зуд-зуд ба ин кишвар рафту омад мекунанд. Рустам Ҷумъаев-сухангуи раиси ҷумҳури Узбакистон мегуяд, ин кишвар дар даҳ сол акнун нахустин қадамҳоро дар роҳи демукросӣ бармедорад. Аммо , ба гуфтаи вай, Амрико дар дусад сол ҷомеъаи демукросӣ бунёд кард. Коршиносони ҳуқуқи башар мегуянд, бо вуҷуди ин ки дар Узбакистон баъзе пешрафтҳо мушоҳида мешавад, вале корҳои зиёде ба анҷом бояд расад. Дар моҳи январи соли ҷорӣ ба Ислом Каримов муяссар шуд, ки бо баргузории як райпурсӣ давраи раёсати ҷумҳуриашро тамдид кунад, вале мунаққидони байналмилалӣ мегуянд, ки ин райпурсӣ озод ва одилона набуд. Дар гузорише, ки ҳафтаи гузашта вазорати хориҷаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар соли 2001 интишор дод, омадааст, ки нисбат ба як соли пеш соли гузашта ҳуқуқи башар бештар дар Узбакистон нақз шудааст. Михаил Арзинов то ҳол шак дорад ва мегуяд, шояд сабти номи созмони мустақили ҳуқуқи башари вай як жести Ислом Каримов қабл аз сафараш ба Амрико буд, то вай кумакҳои бештари иқтисодӣ ба даст орад. Ба ин далел, Арзинов мегуяд, то ҳол рушан нест, ки гуруҳи вай ба Каримов кумак кардааст ё Каримов ба онҳо. Ҳюмен Райтс Вотч ё Созмони Ҳуқуқи Башар мегуяд, давлати Ҷорҷ Буш дар ҷараёни боздиди Каримов аз Амрико ба вай бештар фишор хоҳад овард, то вай барои озод кардани зиндониёни сиёсӣ ва сабти номи созмонҳои мустақил қадамҳои баъдиро низ бардорад.

XS
SM
MD
LG