Салими Аюбзод Ба ин нишаст бархе сарони ҷамоҳири собиқи шӯравӣ бо дили ноором омада буданд. Гурҷистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз кишварҳое мебошанд, ки акнун ҳарчи бештар ҳамкори шойистаи Ғарб номида мешаванд, то дастнигари Маскаву Русия. Ҳамаи онҳо аз бархӯрди Русия ба масъала ташвиш доранд. Аммо бархилофи интизори онҳо...
Агар таърихи Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ва ё тавре мегӯянд, ЭсЭнГэ дар пеш идомаи дурудароз дошта бошад, ин ҳафтаи аввали моҳи мартро бо нишасти сарони он дар осойишгоҳи хушманзари қазоқ ба ин ҳолнома ворид хоҳанд кард. Аммо агар хоҳанд дар ин матн дастовардҳои нишастро илова кунанд, гумон аст, ҷумлаи пурмазмуне ҳосил шавад. Ба ин нишаст бархе сарони ҷамоҳири собиқи шӯравӣ бо дили ноором омада буданд. Гурҷистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз кишварҳое мебошанд, ки акнун ҳарчи бештар ҳамкори шойистаи Ғарб номида мешаванд, то дастнигари Маскаву Русия. Ҳамаи онҳо аз бархӯрди Русия ба масъала ташвиш доранд. Аммо бархилофи интизори онҳо президенти Русия Владимир Путин ҳар кишварро дар тасмимгирии стратегияш мустақил номид ва гуфт, ҳузури ҳарбии Амрико дар Гурҷистон барои Русия фоҷиа нест ва нахоҳад буд. Вай илова кард, ки сарони кишварҳо масъалаи боз ҳам густариш додани ҳамкории ҷаҳонии зидди террорро маъқул донистанд. Президенти Гурҷистон Эдуард Шеварднадзе низ аз мулоқот бо чеҳрае берун омад, ки дар он асари ташвиш дида намешуд. Вале барои сиёсатмадорони сабки шӯравӣ ниқоб дар рӯй доштан кори осонтарин будааст ва маълум нест, паси дарҳои баста гуфтугӯҳо ба кадом шакл буданду дар кадом самт. Шеварднадзе аӯ он ки Путин гуфт, аз ҳамкориои Тифлису Вашингтон Маскав бехабар буд, гуфт, баракс Русия гоҳ буд ва аниқ медонад, ки Амрико Русияро пурра дар ҷараён гузоштааст. Таҳлилгарони сиёсӣ ба ду ҷиҳати масъала ишора мекунанд. Аввалан, ба ақидаи онҳо аксари кулли раҳбарони Русия аз афзойиши таъсири Амрико дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз норозиянд, аммо шароити сиёсӣ имкон намедиҳад, онҳо мухолифати худро ошкоро иброз доранд. Норозигии ҳарбиёни Русия назар ба сиёсатмадорони он сахттар аст ва ҳафтаи гузашта аз забони генералҳои мустаъфӣ иброз гардид. Сониян ин мухолифат дар шароите ки худи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз орзуманди ҳамкории пурманфиат бо Амрико ҳастанд ва Русия ончиро ки Ғарб ба онҳо медиҳад, дода наметавонад, мухолифони ҳузури ҳарбии Амрико дар ин манотиқ ба шахсоне монанданд, ки даступояшон баста мебошад. Рӯзи ҷумъа дар нишасти сарон президент Путин пешниҳод кард, ки кишварҳои узви ҷомеъа як иттиҳоди тавлид ва тиҷорати инержиро таъсис диҳанд. Ин идома гуфтугӯҳои Маскав бо Туркманистону Қазоқистон буд, ки моҳи январ сар шуданд. Рӯзи ҷумъа Путин ба ин номгӯй Ӯзбакистонро низ шомил намуд. Вай гуфт, ин масъалаест, ки метавонад ҳамаи моро муттаҳид кунад ва моро дар бозорҳои Аврупову Осиё қавӣ намояд. Сарони кишварҳои номбаршуда ба гуфтаҳои Путин вокуниши рӯшан нишон надоданд. Аммо таҳлилгарон гуфтанд, Русия, ки бо шиорҳои ҳамбастагиҳои сиёсӣ, мероси гузашта, муборизаи зидди терроризм, бунёди минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ва монанди инҳо натавонист, нуфузи худро дар кишварҳои шӯравии пешин нигоҳ дорад, ҳоло аз ҷойе гирифтааст, ки ба назари он дарозмуддат аст ва хатари низ ба дасти Ғарб гузаштани он вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир махсусан интиқоли газ риштаест, ки дар монополияи Русия боқӣ мондааст ва Русия дар байни кишварҳои шӯравии собиқ аз бузургтарин тавлидкунандагони нафту газ мебошад. Ин баёния дар ҳоле садо дод, ки нишасти Маскав бахшида ба ҳамкорӣ дар истихроҷу коркарди захираҳои Хазар бенатиҷа ва ё гуфтан мумкин бо шикаст ба поён расид. Ба гуфтаи иқтисодшиносон Русия алҳол ба андозае қавӣ нест, ки тавонад ин кишварҳоро ба канори худ ҷалб кунад, аммо он чи кишварҳоро аз Русия ба дур тела медиҳад, ин аст, ки Маскав ба ҳамкории баробарҳуқуқ бо ин кишварҳо омода нест ва мехоҳад ба онҳо тасаллут дошта бошад. Пас танҳо суханҳостанд, ки ба ҳамдигар гуфта мешаванд. Ҳамин тариқ ба диди нозирони авзоъ, нишасти ахири сарони кишварҳои ҳамсуд аз як сӯ пуштибонии онҳо аз ҳамдигар буд, барои рафъи ташвишҳо ва дарёфти итминони якдигар ва аз сӯи дигар то андозае ором кардани мухолифон дар Русия, ки гӯё дар ЭсЭнГэ зоҳиран ягон чиз тағйир накардааст.