Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши хадамоти истихборотии ИМА оиди эҳтимоли хуруҷи дубораи низоъ дар Афғонистон



Соҷидаи Мирзо

Хадамоти истихборотии Иёлоти Муттаҳида дар як гузориши махфӣ аз вуруди дубораи Афғонистон ба бенизомиву хушунат дар заминаи сабқати байни ҷангсолорон ва адами назорат бар танишҳои қабилавӣ ҳушдор дод.

Хадамоти истихборотии Иёлоти Муттаҳида дар як гузориши махфӣ аз вуруди дубораи Афғонистон ба бенизомиву хушунат дар заминаи сабқати байни ҷангсолорон ва адами назорат бар танишҳои қабилавӣ ҳушдор дод. Гузориш дар ҳоле пахш гардид, ки маъмурияти президент Буш бар сари роҳҳои барқарории сулҳу осоиштагӣ дар Афғонистон ҳанӯз мавқеъи ягона надорад. Ризоияти густардае дар мавриди нақши артиши Афғонистон, нирӯҳои пулис ва сохтори таъсирбахши қонун дар таъмини амният ва пароканда намудани гурӯҳҳои мусаллаҳи кишвар вуҷуд дорад. Аммо ба гуфтаи Амрико то расидан ба ин марҳила, яъне омодагии нирӯҳои амниятӣ моҳҳоро бояд сипарӣ намуд. Кӯшишҳои густариши нирӯҳои пулис низ то ҳол натиҷаи чашмгир надоданд. Гузориши хадамоти Истихборотии Амрико шурӯъи ногузири ҷанги шаҳрвандӣ таъкид намекунад. Аммо раванди кунди сулҳ, идомаи назорати ҷангсолорон бар манотиқи кишвар, мухолифатҳои қабилавӣ ва мушкилоти ҳукумати Ҳомид Карзай ташвишҳои хадамоти истихборотиро дар ин самт асоснок кардааст. Агар ташкили артиши ягона моҳҳоро дар бар бигирад, омадааст дар гузориш, оё метавон аз низоъи байни ҷангсолорон ҷилавгирӣ кард? Департаменти Давлатии Иёлоти Муттаҳида ҳамчун чораи мувақатӣ, ба густариши нирӯи чаҳор ҳазораи байналмилалӣ ва таъмини амният дар шаҳрҳои дигари Афғонистон даъват дорад. Низомиёни Амрикоӣ ба нирӯи байналмилалии таъмини амният шомил нестанд. Аммо Вашингтон метавонад бо даъвати нирӯи кишварҳои дигар ба Афғонистон, таъмини онҳо бо муҳимот ва иттилоъи истихборотӣ, ваъдаи кӯмак дар ҳолатҳои фавқулодда ва ёриҳои дигар саҳм бигирад. Департаменти давлатӣ аз ҳузури нирӯҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои дигари Афғонистон пуштибонӣ мекунад ва мегӯяд, ки ин иқдом аз хуруҷи низоъ дар байни афғонҳо ҷилавгирӣ хоҳанд кард. Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Доналд Рамсфелд ва ноибони ӯ дар Пентагон ба пешниҳоди Департаменти Давлатӣ мухолифат нишон медиҳанд. Мақомоти амниятӣ дар нишастҳои алоҳида қабули ин пешниҳодро зарур намешуморанд ва мегӯянд, ки он захоири ҳарбӣ, аз ҷумла нирӯҳои ҳавоиро аз маъракаи густардаи Амрико бар зидди терроризм ба самти дигар мекашад. Ба гуфтаи Доналд Рамсфелд чаро вақт ва маблағҳо бояд барои густариши нирӯҳои байналмилалӣ сарф шаванд, дар ҳоле, ки ташкили артиши милии Афғонистон ва тавони он дар таъмини амнияти кишвари онҳо муфидтар аст. Куштори вазири ҳавонавардии Афғонистон, задухӯрдҳо дар варзишгоҳи Кобул ва ҷангҳои қабилавӣ дар Хост ташвишҳои амниятӣ ва заъфи ҳукумати Ҳомид Карзайро бештар намуд. Залмай Халилзод ёвари аршади президент Буш дар Шӯрои Амнияти Миллӣ ва фиристодаи маъмурияти Амрико дар Афғонистон бо мақсади омӯзиши вазъи начандон осони амниятӣ ва кӯмаки равонӣ ба Ҳомид Карзай 21 феврал Вошингтонро ба қасди Кобул тарк намуд. Ба гуфтаи як мақоми баландпояи Амрико мавҷудияти тухми низоъои шаҳрвандӣ дар Афғонистон, заъфи сохторҳои милӣ, сабқати мақомоти марказ бо ҳокимони минтақавӣ бар сари қудрат, якҷо бо рақобатҳои қавмӣ метавонанд вазъро печидатар кунанд. Қабл аз омӯзиши ахири хадамоти Истихборотии Амрико низ маъмурияти Буш дар ростои дуроҳа қарор дошт. Ба изҳороти ошкорои мақомоти Амрико, онҳо Афғонистонро ҳатто баъди сари Бин Лоден низ тарк нахоҳанд кард ва намехоҳанд, ки ин кишвар дубора ба лонаи терроризм табдил ёбад. Аммо тавони ҷангсолорон баъди таъмини муҳимот ва маблағҳое афзоиш ёфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар роҳи боздошти Бин Лоден ба раҳбарони минтақавӣ дода буд. Баҳс акнун бар сари мавзуъест, ки оё Вошингтон барои ҷилавгирӣ аз шурӯъи бенизомии дубора дар ин кишвар, таъмини амнияти кӯшишҳои байналмилалӣ дар роҳи бунёди дубораи Афғонистон ба татбиқи кадом тадобир ниёз дорад. Барномаи дарозмуддат ташкили артиши 50 ҳазорнафараи Афғонистон якҷо бо нирӯҳои пулиси миллӣ аст. Бахши ташкил ва тамрини артишро Амрикову Британия ва таълими нирӯҳои пулисро Олмон ба душ гирифтаанд. Аммо ташкили артиш акнун шуруъ мешавад. Моҳи гузашта дар мулоқот бо президент Буш Карзай масъалаи густариши нирӯҳои байналмилалиро дар манотиқи дигари Афғонистон матраҳ намуд. Ин даъват дар ҳоле садо дод, ки Афғонистон дар ростои даъвати Лоя Ҷирга, шӯрои Олӣ қарор дорад, ки бояд ҳукумати ояндаи Афғонистонро ташкил кунад.

XS
SM
MD
LG