Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми ҷаҳонии иқтисод: "Ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қатли мардуми бегуноҳро ҷонибдорӣ намекунад"



Хиромон Бақозода

Раҳбарони давлатҳои исломии минтақаи Араб ва Осиё мусулмононеро, ки обрӯи динро мерезонанд, маҳкум намуданд.

Раҳбарони давлатҳои исломии минтақаи Араб ва Осиё мусулмононеро, ки обрӯи динро мерезонанд, маҳкум намуданд. Ба ақидаи онҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд бо амали хушунатбори чанд тан дар мавриди дини Ислом ҳукми иштибоҳӣ барорад. Чунин ақидаҳо дар тӯли Форуми ҷаҳонии иқтисод дар Ню Йорк рӯзи шанбе садо доданд. Табиист, ки мавқеи кишварҳои ҷаҳонӣ баъди амалиёти сентябрӣ мавзӯи аслии нишасти мазкурро ташкил дод. Дар ҳифзи обрӯи дини Ислом нахуствазири Малайзия ҷаноби Маҳатҳир, шоҳи Урдун Абдуллои 2 ва амири Қатар Шайх Ҳомид бин Халифа Аттанӣ суханронӣ карданд. Онҳо ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки террор ба ҳеҷ ваҷҳ ба дин бастагӣ надорад. Дар робита бо фоҷиаи 11 сентябр ва тамоси ин амалиёт бо ҷомеаи Исломӣ, Шоҳ Абдулло изҳор намуд, ки террористон ба ҳеҷ сурат Исломро намояндагӣ намекарданд ва ба он ягон робита ҳам надоранд. Султони Урдун гуфт, террористон аз номи бенавоён ва беҷошудагон садо баланд мекунанд, вале дар асл онҳо мехоҳанд бо хушунат ва харобкорӣ қудратро ба даст оранд. Вай афзуд, воқеаҳои сентябрии Иёлоти Муттаҳида дар олами исломӣ хеле зиёд баррасӣ гардид ва дар натиҷа як ақидаи умумӣ пеш омад, ки Ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қатли мардуми бегуноҳро ҷонибдорӣ намекунад. Ҷаноби Маҳатҳир бо лаҳни шадид баъзе уламои динро, ки худро ба ин мартаба таъйин кардаанд, барои вайрон кардани қавонини исломӣ ва тадриси ғалати он маҳкум намуд. Вай гуфт, "Аксар вақт Исломро барои ҳифзи манфиатҳои худ ташреҳи ғалат медиҳанд". Имрӯз қисми зиёди ҷомеаи исломӣ дар омӯзиш қафо мондааст. Муллоҳои сиёсӣ илмро намепазиранд, зеро онҳо метарсанд, ки одамони мактабдида қудрати онҳоро аз даст мегиранд, гуфт нахуствазири Малайзия. Ҳам ҷаноби Абдулло ва ҳам Маҳатҳир шадидан ҷонибдори он ақида буданд, ки Ислом як низоми пурҳикмат аст ва тариқати он бо ҷомеаи замонавӣ созгор аст. Ҷаноби Маҳатҳир гуфт, "Малазия бо Ислом мушкиле надорад ва мо як давлати замонавии мутараққиро бунёд карда метавонем". Шоҳи Урдун Абдуллои 2, ки нутқи вайро аҳли маҷлис ҷонибдорӣ карданд, гуфт, ҷомеаи имрӯзаи исломӣ бар пояи ҳуқуқи инсон ва масъулият созмон ёфтааст. Ширкат дар ҳаёти сиёсӣ тариқи "шуро" паёда мегардад. "Тавре ки қавоиди исломӣ собит ба қонунҳои демократӣ ва озодии сиёсӣ аст", афзуд ҷаноби Абдулло. Дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дабири кулли Лигаи кишварҳои Араб Амр Мусо гуфт, дар баробари ин ҷомеаи муосир ва давлатҳои пешрафта бо вазъи ногувори кишварҳои Африқо, Осиё ва Амрикои Лотин посухи муносиб надодааст, ки ба беназмиҳо дар ин мамомлик мусойидат мекунад. Вай афзуд: "Чунин вазъ дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад. Мардум эҳсос намекунанд, ки ба истилоҳ дастури нави байналхалқӣ ба онҳо воқеан кумак мекунад ва хизмати онҳоро ба ҷо меорад. Ва мо бояд донем, ки агар аз ду се ҳиссаи аҳолии башар дар ҳоли фақр ва гуруснагӣ қарор дошта бошад, пас ҳамин теъдод мардум шадидан хашмгин аст".

Амири Қатар шайх Халифа гуфт, баъди 11 сентябр дар зеҳни мардум ду ғалат ҷойгир шудааст. Аз тарафе баъзеҳо дар Ғарб бар онанд, ки ин ҳамлаҳо як ҷанги исломӣ алайҳи Иёлоти Муттаҳида аст. Аз суи дигар, баъзеҳо дар ҷомеаи исломӣ Иёлоти Муттаҳидаро ба ҳайси пешвои ҷанги зиддитеррористии масеҳӣ алайҳи Ислом шарҳ медиҳанд. Ҳарду ақида иштибоҳ аст, мегуяд Шайх Халифа. Тавре ки террористон Исломро намояндагӣ намекунанд, ҳамин тавр ҷанги зиддитеррор алайҳи Ислом нест. Раҳбари Қатар афзуд, "Мардуми Ғарб дар асли воқеии Ислом набояд шак дошта бошанд". Қуръон мегуяд, ки аҳли мусулмонон набояд аз мардуми гуногунмазҳаб суиистифода кунанд. Қуръон дастур медиҳад, ки мусулмонон бо мардуми ғайриисломӣ бояд комилан муносиботи хуб дошта бошанд. Нахуствазири Малайзия гуфт, вай бо президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш вохурд вазъи нороҳаткунандаи мардуми Фаластинро пеш гузошт. Ҷаноби Маҳатҳир гуфт, феълан роҳ ёфтан ба дарки раҳбарони Амрико хеле душвор аст. Иёлоти Муттаҳида бояд ба назарҳои дигарон ҳам гуш диҳад, зеро имруз як равияе ҷорӣ шудааст, ки гуё он ақидае, ки ғайриамрикойӣ аст, ғалат аст, гуфт намондаи Малайзия.

XS
SM
MD
LG