Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон барои назорати куллӣ бар нирӯҳои низомии кишвар иқдом намуд



Соҷидаи Мирзо

Ҳаракати ахири президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба самти тағйироти кадрии соҳаи низомӣ танҳо кӯшиши раҳоӣ аз меросӣ ҷанги шаҳрвандӣ нест, балки талоши назорати комил ба нирӯҳои Тоҷикистон аст - менависад таҳлилгари сиёсӣ Рашид Ғанӣ.

Ҳаракати ахири президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба самти тағйироти кадрии соҳаи низомӣ танҳо кӯшиши раҳоӣ аз меросӣ ҷанги шаҳрвандӣ нест, балки талоши назорати комил ба нирӯҳои Тоҷикистон аст - менависад таҳлилгари сиёсӣ Рашид Ғанӣ. Ҳафтаи гузашта овозаи дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҳайъати ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳалии он саросари Тоҷикистонро фаро гирифт. Пешгӯии сиёсии таҳлилгарон ва ё ҳадси вуқӯъи ин ё он ҳаркати ҳукумат дар матбуот, як амал маъмулӣ барои кишварҳои пешрафта, дар Тоҷикистон роиҷ нест, аз ин рӯ сокинони Тоҷикистон қабл аз вуқӯъи ягон тағйироти кадрӣ чанд рӯзеро дар овозаву шоияҳо сипарӣ мекунанд. Дигаргуниҳо дар сохторҳои давлатӣ ин дафъа низ ба ҳамин минвол ҷараён гирифт.

Ба гуфтаи таҳлилгари сиёсӣ Рашид Ғанӣ ҳаракати маъмурияти президент дар самти дигаргуниҳо охири соли гузашта бо таъини профессор Иброҳимҷон Усмонов ба мақоми мушовири давлатии раиси ҷумҳур ва вуруди яке аз чеҳраҳои оппозитсиюнӣ - Раҳматулло Зоҳиров ба ҳайъати мушовирони президент ва интиқоли Давлаталӣ Давлатов аз кумитаи байналмилали Маҷлиси Олӣ ба мақоми муовини раиси ҳизби Ҳалқӣ Демокраӣ оғоз ёфт ва итминони ҷомеъаро ба эҳтимоли таъноти нав афзоиш дод. Раҳматулло Зоҳиров яке аз ҳуқуқдонҳои шинохтаи Тоҷикистон, бо зикри маҳдудияти фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, қонуншиканӣ дар интихобот, иштибоҳҳои низомиён дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ дар манотиқи шарқии Тоҷикистон, тайи чанд соли ахир аз мунақидони аслии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов буд. Дар бораи нақши минбаъдаи Раҳматулло Зоҳиров дар тими раиси ҷумҳур чизеро пешгуӣ намудан душвор аст. Ва ҳамчунин маълум нест, ки оё Иброҳимҷон Усмонов ва Раҳматулло Зоҳиров ба тасмимҳои раиси ҷумҳур дар мавриди тағйироти кадрӣ таъсир доранд ё не.

Тағйироти кадрӣ аз як тараф анҷоми мантиқии таҳкими сохторҳои давлатӣ, баъди футури Шӯравӣ, зарурати густариши идораи умур ва аз тарафи дигар ба назари бахши бузурги ҷомеъа, заминаест барои сари кор омадани мутахасисони прогматик, бо тавони ҳалли мушкилоти бузург, ки солҳои ахир дар раванди густариши кишвар ҷамъ шудаанд. Авоили соли нави 2002-юм президенти Тоҷикистон раиси кумитаи Марзбонии кишвар генеарл Саиданвар Камоловро аз вазифа сабукдуш намуд ва ба ин мақом Абдураҳмон Азимов, раиси кумитаи дифоъ ва амнияти парлумони Тоҷикистонро таъин кард. Таъини Азимов ба ин мақом бидуни овозаҳо ҷараён гирифт ва барои таҳлилгарону намояндагони матбуот комилан ғайриинтизор буд. Ба гуфтаи Рашид Ғанӣ ин нуқта баёнгари он аст, ки раиси ҷумҳур танҳо баъди омӯзиши эҳтиёткорона тасмими ниҳоӣ гирифтаст. 18 январ Эмомалӣ Раҳмонов бо ширкат дар нишасти кумитаи сарҳадоти Тоҷикистон шакли фаъолияти он ва кори мақомоти кумитаро шадидан интиқод намуд. Раиси ҷумҳур ба иштибоҳоти мақомоти кумита, худсарии низомиён, даст доштани онҳо ба қочоқи маводи мухаддир ишора кард ва ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи чунин фаъолият Кумитаи марзбонӣ ҳамчун сохтори алоида лағв хоҳад шуд. Ба думболи сарвари Кумита Саиданвар Камолов ҳамаи панҷ муовини ӯ аз вазифа сабукдуш гардиданд. Ба ду фармондеҳи асосии Кумитаи Марзбонӣ Генеарал Саидшоҳ Шамолов ва Қурбон Чолов тавсия шуд, ки пешаи дигар интихоб кунанд. Чанд сол пеш чунин ҳаракати президент Раҳмонов ногузир бо хатари ҷидии саркашӣ ва ё муноқишаи низомӣ рӯ ба рӯ мешуд. Аммо ҳоло раҳоӣ аз фармонедҳон метавонад маъное дошта бошад, ки президент Раҳмонов барои пахши фармондеҳони саркаш қудрат ва пуштибонии кофӣ дорад. Рашид Ғанӣ мегӯяд, раиси ҷумҳур дар мавриди анҷоми раванди табдили нирӯҳои Тоҷикистон ба Артиши доими тасмими ҷиддӣ гирифтааст, бо фаъолияти он дар заминаи қонун ва имкони ротатсия ва ё ҷойивазкунии низомиён. Таҳлилгарон эҳтимоли дигаргунӣ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистонро воқеъи арзёбӣ мекунанд ва мегуфтанд, ки раиси ҷумҳур норозигии худро аз фаъолияти ин ниҳодҳо на як бору ду бо изҳор доштааст. Ба назари Рашид Ғанӣ овозаҳои ахир, перомуни тағйироти кадрӣ дар ҷойи холӣ ба миён намеоянд ва онҳо ҳеҷ гоҳ беасос нестанд. Зимнан чунин овозаҳо, ба вежа овозаҳои марбут ба таъинот ва тағйироти кадрӣ интизороту медвории шаҳрвандони Тоҷикистонро ба густариши идораи умур ва боло рафтани сатҳи зиндагӣ афзоиш медиҳад. Аз ин рӯ таваҷҷуҳи мардум ба иқдом ва фаъолияти сарвари давлат дар ин змина коҳиш нахоҳад ёфт. Баръакс дигаргунӣ дар кумитаи марзбонии Тоҷикистон шаҳрвандонро ба тағйироти бештари кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон умедвор мекунад. Менависад Рашид Ғанӣ таҳлилгари тоҷик.

XS
SM
MD
LG