Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байнулмилал низоми мустақили адлияро асоси ҷомеъаи ҳуқуқбунёд мешуморад



Салими Аюбзод

Созмони Афви Байнулмилал фурсатро муносиб медонад, ки дар Афғонистон низоми мустақил, одил ва касбии адлияву ҳуқуқ ташаккул ёбад.



Баҳсҳои эҳёи Афғонистон бояд ба бозсохти низоми мустаҳкам ва мустақили адлия тамаркуз ёфта, чунин низоми қавӣ бояд асоси ҳимояти ҳуқуқи инсон дар Афғонистон дониста шавад. Ба ҳамин мазмун рӯзи шанбе Созмони Афви Байнулмилал баёния нашр кард, дар арафаи нишасти кишварҳои мададрасони Афғонистон дар Токио, ки рӯзи душанбе шурӯъ мешавад. Афви байнулмилал мегӯяд, дуруст аст, ки кӯшишҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба сохтмони зербинои ҳамаи риштаҳои Афғонистон бояд густариш ва қувват пайдо кунанд. Аммо бунёди ниҳодҳои идорӣ заминаи аслии муваффақияти чунин сармоягузорӣ мебошад ва барои рушди баъдинаву эҳтироми қонун дар Афғонистон ҳаётан муҳим мебошад. Созмони нозири ҳуқуқи инсон мегӯяд, ҳоло пайтест, ки низоми адлияи Афғонистон дар шакли мустақил сохта шуда, полис ва ниҳодҳои касбии пажӯҳиши ҷиноӣ тибқи меъёрҳои байнулмилал ташаккул ёбанд. Ба ақидаи Афви Байнулмилал бояд як бахши муҳими кӯмакҳои байнулмилал ба ҳамин самт равона карда шавад. Ин созмон ба ёд меорад, ки таҳти ҳамаи режмиҳои гузаштаи Афғонистон низоми адлия, ниҳодҳои додгоҳ, полис ва маҳбасдорӣ дар поймолкунии шадиди ҳуқуқи инсон масъул будаанд. Афви байнулмилал ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати муваққати Афғонистонро даъват кардааст, ки ин ҳақиқатро қабул кунанд ва эълом доранд, ки аз он ҳолати пешин ва фазои беҷазоии гунаҳкорони аслӣ фосила хоҳанд гирифт.

"Беҳбуд ва ислоҳ танҳо замоне ба даст меояд, ки фазойи эҳтироми ҳатмии қонун ба миён оварда шавад. Ин фазо дар навбати худ маданияти эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ташкили адлияи одилу мустақилро талаб хоҳад кард. Нуктаи дигаре ки созмони Афви Байнулмилал ба он ишора мекунад, ин аст, ки набояд гунаҳкорони поймолшавии ҳуқуқи инсон дар гузашта беҷазо боқӣ бимонанд. Бояд ҳамаи ин ҷиноятҳо пажӯҳиш, баррасӣ ва эълон шаванд. Созмони Авфи Байнулмилал ин тақозоҳои худро дар номае ба унвони конфаронси кишвару ниҳодҳои мададрасони Афғонистон дар Токио ирсол доштааст.

XS
SM
MD
LG