Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши солонаи Созмони "Ҳюман Райтс Вотч" оиди вазъи ҳуқуқи башар дар партави муборизаи байналмилалӣ алайҳи терроризм



Соҷидаи Мирзо

Созмони байналмилалии "Ҳюман Райст Вотч" аз сарварони кишварҳои ҷаҳон даъват намуд, ки стратиегияи муборизаро бар зидди терроризм бо назардошти эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монанд.

Созмони байналмилалии "Ҳюман Райст Вотч" аз сарварони кишварҳои ҷаҳон даъват намуд, ки стратиегияи муборизаро бар зидди терроризм бо назардошти эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монанд. Ин ташкилоти муҳофизи ҳуқуқи инсон, дар гузориши солонаи худ аз рафтори баъзе кишварҳо, ки ҷанги алайҳи терроризмро барои саркубии ҳарифони сиёсӣ ва ақалиятҳои мазҳабиву миллӣ истифода мекунанд, бонги изтироб мезанад. Масъули "Ҳюман Райтс Вотч" Кенет Рот рӯзи пахши гузориш, дар сӯҳбат бо хабарнигорон, бунёди фарҳанги эҳтроми инсонро роҳи аслии мубориза бо терроризм арзёбӣ намуд. "Бунёди фарҳанги пойдори Ҳуқуқи башар, фарҳанге, ки ба ҷойи беэътиноӣ ҳама гуна беэҳтиромиро ба ҳаёти шаҳрвандон маҳкум мекунад, дар ниҳояти амр ба фарҳанги террор ҳотима хоҳад гузошт."

Бахше аз гузориши солонаи созмони Ҳюман Райтс Вотч ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Гузориши соли гузаштаро, соли футури ҳуқуқи башар дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ кард. Кеннет Рот мегӯяд, умедворие мавҷуд буд, ки бо таваҷҷӯҳи ҷидии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба минтақа, фишор барои ислоҳот ба мақомоти авторитарии кишварҳо афзоиш меёбад. Аммо ҳеҷ тавҳаввулоте дар ин самт ба миён наомад. Кеннет Рот аз вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон, ҳамсоякишвари Афғонистон изҳори ташвиш намуд. Ӯ гуфт, Узбакистон кишваре, ки ҳарифони сиёсӣ ва ё гумонбаршудаҳои кӯмак ба ифротгароёнро бераҳмона саркуб мекунад, барои ҳамкорӣ бо Амрико ризоият дод ва бо ин соли гузашта аз рӯйхати кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои мазҳабӣ хориҷ гардид.

"Бо шикнаҷа ва ҳукми ҳабсҳои тулонии мусалмононе, ки хориҷ аз назорати ҳукумат дар масҷидҳо намоз мегузоранд, дар заминаи поймолсозии ҳуқуқҳои мазҳабӣ Узбакистон барои рухати Департаменти Ийолоти Муттҳаида номзади воқеъи аст. Аммо ҳамчун кишвари наздик ба ҷабҳаи Афғонистон, аз ворид шудани Узбакистон ба ин феҳраст ҷилавгирӣ шуд."

Кенет Рот эътироф намуд, ки Ийолоти Муттҳаида барои истифодаи пойгоҳҳои ҳавоии Узбакистон ба кумаки ҳукумати Ислом Каримов ниёз дорад. Аммо афзуд бо чунин ҳамкории наздик Амрико бояд ҳукумати Узбакистонро ба риояи ҳуқуқи башар маҷбур кунад.

Созмони Ҳюман райтс Вотч аз хушунатҳои бешумор дар кишварҳои дигари ҳамсоя бо Афғонистон, амсоли Тоҷикистон, Туркманистон ва Ирон гузориш медиҳад. Ба навиштаи Ҳюман Райтс Вотч Тоҷикистон ба самти яккаҳизбӣ ҳаркат дорад, Ҳукумат аҳзоби оппозитсиюниро мебандад ва ба фаъолияти матбуоти мустақил дар пойтахт иҷоза намедиҳад. Гузориш дар заминаи баррасии вазъи ҳуқуқи башари Туркманистон, аз инзивои рузафзуни ин кишвар ва фишори бештари мушти оҳанини президенти худкома Сафармурод Ниёзов изҳори ташвиш мекунад. Ба вежа аз муносбат бо намояндагони динҳое, ки ба ду мазҳаби эътирофшудаи Сунни ва русии паровославӣ марбут нестанд. Ҳюман райтс Вотч дар бораи Ирон менависад, руҳониёни муҳофизакор, ки сохтори додгоҳиро назорат мекунанд, барои фишору саркуб намудани дигарандешон заминаҳои мувофиқ пайдо кардаанд. Ба гуфтаи Кеннет Рот густариши сиёсии Ирон, бидуни пуштибонии байналмилалӣ аз ҳукумати ислоҳотхоҳи Муҳаммади Хотамӣ имкон надорад.

"Бо вуҷуди нақши пешсафи муҳофизакорон дар сиёсати Ирон ва ё ба хотири ҳамин, рушан аст, ки намояндагони ислоҳотталаб дар ҳукумат ба пуштибонӣ ниёз доранд."

Созмони байналмилии ҳуқуқи башар аз кишварҳои ғарбӣ даъват намуд, ки ба хотири хатми хушунат алайҳи шаҳрвандони мулкӣ дар ҷанги Чечсенистон, фишорро ба Руссия афзоиш диҳанд. Кеннет Рот аз даъвати канслери Олимон оиди таҷдиди назар ба амалҳои Руссия, баъди ҳодисоти 11 сентябр изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки мақомоти Руссия маъракаи мубориза бо терроризмро бо ҷанги худ алайҳи шуришгарони чечен моҳирона пайваст намуданд.

Кенет Рот афзуд:

"Путин пеш аз ҳодисоти 11 сентябр кушторҳои оммавиро дар Чеченистон ба роҳ монд, Ин раванд баъди ҳодисаҳои террористӣ низ ба ҳамон шакл ҷараён гирифт. Путин акнун барои таъкиди муборизаи асосноки худ дар Ченченистон пуштибонӣ пайдо кардааст"

Ҳюман райтс Вотч ҳамчунин ба иқдомоти Ийолоти Муттҳаида дар мубориза бо терроризм ба назари интиқод менигарад. Ба гуфтаи ин ташкилот тағйири қонунуи мубориза бар зидди терроризм ба додситони Амрико Ҷон Ашкрофт, барои боздошти шаҳрвандони ғайриамрикоӣ салоҳияти бенамуна медиҳад. Баъди ҳодисаҳои 11 сентябр як ҳазору 100 араб ва мусалмонтабор боздошт гардид, ки макони нигаҳдории онҳо умдатан ошкор намешавад. Ба гуфтаи Ҳюман райтс Вотч Департаменти адлияи Ийолоти муттҳаида ҳамчунин масъалаи қонуни наверо баррасӣ мекунад, ки дар асоси он ҳукумат метавонад равобити боздоштшудаҳоро бо вакилони мудофеъ пайгирӣ кунад. Гузориш ҳамчунин бо танқиди қарори президенти Амрико оиди ташкили Камиссиюни махсуси мурофиъа барои гумонбаршудаҳои амалҳои терористии 11 сентябр гуфт, ки чунин камиссиюн одилона будани мурофиъаро зери шубҳа мегузорад. Чунин иқдом, -мегуяд Кеннет Рот-, мавқеъи Ийолоти Муттаҳидаро ҳамчун пуштибони ҳуқуқи башар дар ҷомеъаи байналмилалӣ заъиф мекунад.

XS
SM
MD
LG