Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Баер: Раҳбари оппозитсияи исломии Тоҷикистон миёнрави мулоқоти Бин Лоден ва намонядаи хадамоти амнияти Эрон буд



Холидаи Қодир

Дар нимаи солҳои навадум Осама Бин Лоден бо як мақоми хадамоти кашф, ё худ разведкаи Эрон мулоқот намуда бо вай имкони ҳамкории террористиро ба зидди Амрико баррасӣ намуд - чунин гуфта мешавад дар китоби Роберт Баер, собиқ корманди маркази истихбороти Амрико, яъне, "ЦРУ".

Дар нимаи солҳои навадум Осама Бин Лоден бо як мақоми хадамоти кашф, ё худ разведкаи Эрон мулоқот намуда бо вай имкони ҳамкории террористиро ба зидди Амрико баррасӣ намуд - чунин гуфта мешавад дар китоби Роберт Баер, собиқ корманди маркази истихбороти Амрико, яъне, "ЦРУ". Ин китоб "Аҳриманро намебинам" ном дорад. Роберт Баер менависад: соли 1996 Бин Лоден дар Афғонистон бо мақоми Эрон ҳамкориҳои стратегиро матраҳ кард. Баэр меафзояд: Маълум нест, ки дар ин мулоқот дақиқан чӣ рӯй дод, ки тибқи маълумоти мо Бин Лоден мехост ба намонядаи Эрон пешниҳод кунад, ки Теҳрон ва Алқоида фаъолиятҳои террористиашонро зидди Амрико бо якдигар ҳамоҳанг намоянд. Дар ин китоб ҳамчунин гуфта мешавад, ки раҳбари оппозитсияи исломии Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ миёнрави мулоқоти Бин Лоден ва намонядаи хадамоти амнитяи Эрон буд. (Зимнан, ин навиштаи муаллифи китоб аст ва мо барои такзиб ё тасдиқи миёнҷигарии ҷаноби Нурӣ дар мулоқоти мазкур иттилоъи дигар надорем). Зимнан, номи мақоми эронӣ, ки бо раҳбари Алқоида сӯҳбат дошт, номаълум боқӣ мондааст. Ба сурати умум, мавқеъи Эрон нисбати гурӯҳҳои террористӣ мавриди ташвиши Амрико мебошад. Чанде қабл, мақомоти ИМ изҳори нигроанӣ карданд, ки баъзе ҷанговарони Алқоида, ки аз бомбаборони Амрико аз Афғонистон мегурехтанд, шояд дар Эрон паноҳгоҳ ёфтаанд. Ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш ба Эрон ҳушдор дод, ки ба аъзои Алқоида гурезгоҳ надиҳад ва кӯшиши халал додан ба ҳукумати нави Афғонистонро накунад. Теҳрон мегӯяд, ки марзҳои вай бо Афғонистон баста аст ва ягон ҷанговари Алқоида имкони гузаштан ба қаламрави Эронро надорад. Роберт Баер хадамоти истихбороти Амрико ва шӯрои амнитяи миллии кишвари худро танқид мекунад, ки сари вақт бар зидди гурӯҳҳои террористӣ чораҳои дуруст надиданд. Ҳанӯз дар солҳои навадум дар бораи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ маъмлуоти кофӣ вуҷуд дошт. Баер менависад, масъалан, декабри соли 1995 ҳамкори Бин Лоден аз Миср ба Теҳрон омад ва бо чанд мақоми вазорати истихбороту амнитяи Эрон мулоқот намуд. Ӯ меафзояд: Амрико мутмаъин набуд, ки оё Бин Лоден бо Теҳрон дар мавриди ҳамокриҳои стратегӣ ба мувоқтифат расид ё на, вале мо кормнадони истихборот тахмин мекунем, Бин Лоднн чунин мувофиқатро бо Терҳон ба даст оварда буд. Хадамоти итсихбороти Амрико ҳамчунин тахмин мекунад, ки Бин Лоден дар бобмгузорӣ ба сафорати Миср дар Покистон дар соли 1995 низ даст дошт. Роберт Баер 21 сол дар маркази истихбороти Амрико кор кардааст.

XS
SM
MD
LG