Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон барномаи эҳёи баъдиҷангии ин кишварро эълон кард



Хоҷа Мирзода

Рӯзи чоршанбе дар паи фармони ихроҷи силоҳбадастон аз кӯчаҳои шаҳри Кобул раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон Ҳомиди Карзай назари худро дар мавриди эҳёи баъдиҷангии ин кишвар эълом намуд.

Рӯзи чоршанбе дар паи фармони ихроҷи силоҳбадастон аз кӯчаҳои шаҳри Кобул раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон Ҳомиди Карзай назари худро дар мавриди эҳёи баъдиҷангии ин кишвар эълом намуд. Зимни сӯҳбати телевизионӣ Ҳомиди Карзай мухтасаран барномаи барқарорсозии назму суботи иқтисодиву сиёсии Афғонистонро шарҳ дод. Ӯ гуфт, " Биёед ҳамроҳ урдуи миллии кишварамонро бунёд намоем." Сипас раҳбари муваққатии Афғонистон иброз дошт, ки пешрафти иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ба иқтисоди озод ва тараққии сектори хусусӣ марбут аст. Аз ин рӯ, ҳукумат таъсири худро дар умури иқтисоди коҳиш медиҳад, то шароите барои ташаббусҳои шахсӣ таъмин бошад. Раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон тасмим гирифтааст, ки инфляция ва ё таваррумро зери назорат қарор дода, корхонаҳову муассисаҳои истеҳсолии кишварро бо ҳадафи эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва танзими иқтисоди бозорӣ дастгирӣ намояд. Ҳукумати муваққатии Афғонистон чопи пулҳои бепояву асоси молиро хотима мебахшад. Солҳои ахири гурӯҳҳои мухталиф бидуни назорати воҳид пули афғонӣ нашр намуда, сабаби беқурбии фавқулоддаи пули миллии Афғонистон шуданд. Ба қавли Ҳомиди Карзай агар воситаҳои ахбори умум ба манфиати миллии Афғонистон зарба назананд, фаъолияти рӯзноманигорон бидуни маҳдудият сурат хоҳад гирифт. Ӯ гуфт: Конституцияи Афғонистон озодии сухан, матбуот ва ҳамзамон озодиҳои сиёисву иҷтимоиро кафолат медиҳад, вале ин озодиҳо бо дар назардошти ба истилоҳ "манфиати миллӣ" маҳдуд хоҳанд буд. Ҳомиди Карзай дар ин бора тафсилоти бештар надод. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтерс вазири умури дохилии ҳукумати муваққатии Афғонистон Юнуси Қонунӣ гуфт, ки бар пояи Созиши Бонн ҳукумат иҷрои барномаи халъи силоҳи шаҳри Кобулро оғоз намуд. Ба гуфти номбурда ба истиснои ходимони амниятӣ ва полис тамоми ашхоси силоҳбадаст бояд ба пойгоҳҳои қаблии худ баргарданд. Тибқи дастури ҳукумат силоҳбадастон барои тарки Кобул се рӯз доранд. Ба гуфти Дин Муҳаммад Ҷуръат раиси бахши қонун ва тартиботи вазорати умури дохилӣ баъди он неруҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон ва полиси маҳаллии шаҳри Кобул кӯчаҳои пойтахти Афғонистонро зери назорат мегиранд. Аз замони фирори Толибон аз шаҳри Кобул, ки дар таърихи 13 ноябри соли гузашта ба вуқӯъ пайваст, ҳазорҳо нафар сарбози хуб мусаллаҳ, вале начандон муназзами Ҷабҳаи Муттаҳида дар пойтахти Афғонистон ҷойгир шуданд. Сӯҳбати телевизионии Ҳомиди Карзай аввалин хитоби раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон ба мардуми ин кишвар аз рӯзи ба сари қудрат омадани ӯ мебошад. Ҳукумати муваққатии Афғонистон 22 декабри соли гузашта умури раҳбарии кишварро ба дасти худ гирифта, дар давоми шаш моҳ то баргузории Маҷлиси Бузурги намояндагони қавмҳову қабилаҳо ва ё ба истилоҳ Лояи Ҷиргаи фавқулодда амал хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG