Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса фурудгоҳи Айнии Тоҷикистонро қобили истифодаи нирӯҳои худ намешуморад



Мирзои Салимпур

Намояндаи ҳарбии Фаронса дар Душанбе гуфт, коршиносони фаннӣ ва ҳарбии кишвараш фурудгоҳи Айниро дар 15-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон, барои ҳавопаймоҳои фаронсавӣ ғайриқобили истифода шумурдааст.



Мақомоти низомии Фаронса хабарҳои як рӯзи пешро дар мавриди эҳтимоли истиқрори нирӯҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳояш дар фурудгоҳи Айнӣ воқеъ дар 15-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон рад кард. Гурӯҳи фанниву омӯзишии вазорати дифоъи Фаронса дар паи таҳқиқи имкониятҳои ин фурудгоҳ гузориш додааст, ки фурудгоҳи мазкур ғайриқобили истифода буда, на фақат ба талаботи ҳадди ақали созмони НАТО ҷавобгӯ нест, балки аслан тавони қабули ҳавопаймоҳои Миражро надорад. Ҳамзамон вазорати дифоъи Фаронса интиқоли нирӯҳояшро ба Афғонистон дар чанд рӯзи наздик тамом хоҳад кард. Нирӯҳои Фаронса дар Афғонистон аз 400 нафар иборат буда, дар Кобул ва Мазори Шариф мустақар хоҳанд шуд. Шаби гузашта боз як ҳайъати низомиёни Фаронса иборат аз 150 нафар ба Тоҷикистон расид ва дар чанд рӯзи наздик аз ин ҷо ба Мазори Шариф интиқол хоҳанд ёфт. Дар ҳамин ҳол Туркманистон дархости ҳукумати Олмонро дар мавриди истифодаи қаламрави ин кишвар барои интиқоли нируҳои Олмон ба Афғонистон рад кард. Сафармурод Ниёзов раисҷумҳури Туркманистон дар сӯҳбат бо Гюнтер Маттер сафири Олмон дар Ишқобод ин тасмими ҳукуматашро бо мақоми бетарафии Туркманистон ки маънидод намуд.

XS
SM
MD
LG