Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон розӣ шуд, минаҳояшро аз марзи Тоҷикистон барчинад



Мирзонабии Холиқзод

Минаҳо, роҳу гузаргоҳҳои баста, хатти номуайяни марз, даъвоҳои ҳудудӣ -- ин ҳама мавзӯъҳои баҳси ҳайъатҳои ду кишвар хоҳанд буд. Баррасии ин масъалаҳо оғоз ёфт.



Тоҷикистон ва Ӯзбакистон барои баррасии мушкилоти марзҳои муштараки худ як кумисюни якҷоя таъсис доданд. Ин гурӯҳи дуҷониба масъалаҳои дубора боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ, барчидани минаҳои марзӣ, шурӯъи таъин ва аломатгузории марзи миёни ду давлатро баррасӣ мекунанд. Қарор аст, гурӯҳи корӣ пешнависи санадеро таҳия мекунад, ки баъдан сарвазирони ду давлати ҳамсоя ба имзо хоҳанд расонд. Бар асари таркиши минаҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон зиёда аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар захмӣ шудааст. Ба гуфтаи узви ин гурӯҳ аз тарафи Тоҷикистон Сулаймонбеков, баҳсҳои асосӣ имкон дорад дар мавриди чанд минтақаи баҳсталаби марзӣ ба амал оянд. Чунончи Ӯзбакистон ба як русто дар ноҳияи Ашт даъво дорад ва мегӯяд, гӯё сесад сол пеш ин минтақа моли Ӯзбакистон буд. Чунин талабҳо аз тарафи Тоҷикистон низ садо медиҳанд, аммо ҳарду тараф кӯшиш мекунанд, масъала ба даъвоҳои калони ҳудудӣ ойид нашавад. Интизор меравад, ки мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба зудӣ дар Тошканд баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG