Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли асп аз нигоҳи мунаҷҷимон



Салими Аюбзод

Соли 2002-юмро дар тақвими ховарӣ соли асп мегӯянд. Ситорашиносон дар мавриди оғози он ба ду ақидаанд. Гурӯҳе мегӯяд, соли асп аз сиюми декабр сар шуд, гурӯҳи дигар мегӯяд, он аз аввали феврал оғоз хоҳад ёфт. Аз ин нигоҳ гӯё соли мор ба охир расид ва ё гӯё он боз як моҳ давом хоҳад кард.

Ҳулули сол барои мунаҷҷиму фолкушову ояндабинҳо, аз ҷумла фолбинҳои сиёсӣ беҳтарин фурсати нашру таблиғи ҳунар ва ё хосияти онҳост. Ҳанӯз аз замони салтанати Рум мерос мондааст, ки сарварони сиёсӣ бо забони фолбинҳо ба қудрати худ тобиши осмонӣ медиҳанд ва ё рӯҳияи аҳолии норозиро ором ва умедвор ба оянда мекунанд. Чандин устоди илми фол дар Маскав гуфтанд, соли нав барои Русия соли шукуфоӣ хоҳад шуд. Баъзеи онҳо бо назардошти вазъи имрӯзаи мардум илова карданд, нимаи аввали сол чандон хуб нахоҳад омад, вале нимаи дуюм, беҳтарин давраи Русия хоҳад шуд. Аммо афзуданд онҳо, Маскав набояд худро ба пайрави Амрико табдил диҳад. Мунаҷҷими рус Валерий Ледовских нагуфт, оё ин ишора аз кадом ситора таҷаллӣ шудааст. Вай ҳамчунин ба Березовский маслиҳат додааст, ки беҳуда бо Путин вориди бархӯрд нашавад. Ситораҳо мегӯянд, миллионер шикаст хоҳад хӯрд. Ситорашиноси дигари рус Григорий Кваша бештар на ба гардиши ситораҳо, балки ба омили воқеъитари ояндаи Русия нигоҳ мекунад. Вай мегӯяд, нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ аз 26уми январ гирифта, дигар пойин намеравад ва аз ин лиҳоз ояндаи Русия чандон бад нест. Фолбини тайванӣ Ю мегӯяд, хушунат дар муносибатҳои Чину Тайван то поёни соли 2003 боқӣ хоҳанд ва баъдан аз соли дигараш беҳтар хоҳанд шуд. Тақвими сиёсии Тайван нишон медиҳад, ки соли 2004 он бояд президенти нав интихоб кунад ва Чин кӯшиш дорад, касе интихоб шавад, ки рӯ ба Бейҷинг дошта бошад. Ю меафзояд, соли 2002 соли ҷанг хоҳад буд ва нишонааш дар он аст, ки ҷангали атрофи Сидней дар Австралия дар ҳоли сӯхтор аст ва оташ аломати ҷанг мебошад. Дар Тоҷикистон ҳарчанд расман фолбиниҳои сиёсӣ ба гӯш намерасанд, аломатҳои оянда намудор мешаванд. Баъзеҳо мегӯянд, джигаргуниҳое ки президент Раҳмонов дар ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон ба амал овард, дар соли Асп идома хоҳанд ёфт ва президент на ба унвону хидмату ному фарру зодгоҳи номзадҳои умури давлат, балки ба аспи онҳо эътибор хоҳад дод ва комилан бар ин ақидааст, ки аспҳо бояд баробарҳуқуқ бошанд. Мардуми Тоҷикистон соли душвори морро пушти сар кард. Чӣ қадар одамони номдор дар ин сол кушта шуданд ва ё дар айни нирӯмандӣ даргузаштанд. Ҳизбҳои сиёсӣ сабти ном нашуданд ва ё мамнӯъ гаштанд. Интихоботҳо ноодилона буданд. Нархҳо баланд. Маошҳо кам. Корҳои иқтисодӣ начандон рӯбароҳ ва зиндагӣ начандон осон буд. Чор моҳи ахир бо ин ки Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи ҷаҳон қарор дорад, хушбахтона, сӯйиқасдгарони соли мор аз ин рӯшаниҳо ба торикӣ фирор кардаанд. Умед аст, ки дар соли Асп зебоӣ ва садоқат нишонаҳои асосии соли нав хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG