Саидқосими ҚиёмпурДар Пекин музокироти Тоҷикистону Чин дар мавриди бартараф сохтани ихтилофи назар оид ба хатти марзи ду кишвар шурӯъ шуд.
Дар Пекин музокироти Тоҷикистону Чин дар мавриди бартараф сохтани ихтилофи назар оид ба хатти марзи ду кишвар шурӯъ шуд. Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Пекин ба ИТАР-ТАСС иттилоъ доданд, дар ин нишастаз ҷониби Тоҷикистон аъзои комиссиюни муштарак дар гуфтушунидҳои қаблӣ бо чин (намояндагони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ширкат хоҳанд кард. Интизор меравад, ки ҳайатҳо то тасмими ниҳоӣ дар мавриди қитъаҳои баҳсталаби марзи ду кишвар кор хоҳанд кард. Байни Тоҷикистону Чин дар мавзӯи ба кӣ таалауқ доштани Бадахшони шарқӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад.