Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушоиши сафоратхонаи Британия дар Душанбе рӯзи 20 декабр дар назар аст



Хиромон Бақозода

Дар навбати аввал сафортахона дар шакли дафтари умури таъҷилӣ ба кор оғоз хоҳад кард.

Бозшавии сафоратхонаи Британия дар Душанбе, рӯзи 20 декабр дар назар гирифта шудааст, гуфт вазири умури хориҷӣ Ҷек Строу. Дар навбати аввал сафортахона дар шакли дафтари умури таъҷилӣ ба кор оғоз хоҳад кард. Вакили муътамади Бритония дар Душанбе ҷаноби Торда Аббот Вод аст, ки дар мӯҳлати 3 ҳафтаи наздик дар пойтахти Тоҷикистон ба кор оғоз мекунад. То имрӯз сафоратхонаи Бритония дар Тошканд барои Узбакистон ва Тоҷикистон хизмат мекард. Гуфта мешавад, пойгоҳи дипломатии Бритония дар Душанбе барои дастрасӣ дар Афғонистон пешбинӣ шудааст. Имрӯз муайян шудааст, ки вазорати умури хориҷии Бритония барои кӯмаки Тоҷикистон 3,2 миллион долларро пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG